ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 5 январ, душанбе, 5-умин рӯзи соли 2026 аст

Январь 5, 2026 08:00

Дар ин рӯзи соли 1998 дар пойтахти Туркманистон – шаҳри Ашқобод вохӯрии панҷ роҳбари давлатҳои Осиёи Марказӣ: Тоҷикистон, Туркманистон, Қазоқистон, Узбекистон ва Қирғизистон, ки  аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошанд,  баргузор гардид.

***

5 январи соли 2010 Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба сохтмони Неругоҳи барқи обии  «Роғун» ба мардум муроҷиат намуданд.

***

5 январи соли 2016 бо амри Подшоҳи Арабистони Саудӣ дари Каъбатуллоҳ ба рӯйи Пешвои миллати тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боз шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масҷиди набавии шаҳри Мадина равзаи Пайғамбари ислом ҳазрати Муҳаммад (с)-ро зиёрат намуданд.

***

5 январи соли 2017 дар шаҳри Душанбе таҳти раёсати Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид.

5 ЯНВАР:

Дар ИМА – Рӯзи миллии парандагон.

***

Дар Беларус – Рӯзи кормандони ҳифзи иҷтимоӣ.

РӮЙДОДҲО:

5 январи соли  2009 дар Тоҷикистон Ассотсиатсияи фарҳангии ҷавонони Душанбе ба фаъолият оғоз намуд.

***

5 январи соли 1922 дар шаҳри Вашингтони Амрико оид ба манъи истифодаи киштии зериобӣ бар зидди киштиҳои тиҷоратӣ шартномаи байналмилалӣ баста шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2009 дар Ҷумҳурии Қазоқистон додани шиносномаи биометрӣ оғоз гардид.

***

Соли 1796 муҳандиси англис Ҷемс Уатт барои ихтирои мошини буғӣ соҳиби шаҳодатнома гардид.

Январь 5, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 феврал, чоршанбе, 56-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 феврал, сешанбе, 55-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, душанбе, 54-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст