ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 8 январ, панҷшанбе, 8-умин рӯзи соли 2026 аст
8 январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамоати деҳоти Султонободи ноҳияи Рӯдакӣ дар ҳашари ниҳолшинонӣ иштирок намуданд.
***
11 сол пеш, 8 январи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ҳамлаи хиёнаткоронаи террористӣ дар Париж ба идораи ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Шарли Эбдо», ки 12 нафар ба ҳалокат расиданд, ба Президенти вақти Ҷумҳурии Фаронса Франсуа Жерар Жорж Олланд барқияи тасаллият ирсол намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо фаъолияти коргарону мутахассисони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Пайванд», ки асосан ба парвариши қаламча, ниҳол ва гулу буттаҳои ороишии нодир машғуланд, шинос шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 муносиботи дуҷонибаи Тоҷикистон ва Туркия дар самти мубориза бо ҷиноятҳои фаромиллӣ муҳокима гардид.
8 ЯНВАР:
Дар Ҷазираҳои шимолии Мариана – Рӯзи Иттиҳод.
РӮЙДОДҲО:
8 январи соли 1912 Конгресси миллии Африқо таъсис дода шуд.
***
8 январи соли 1961 фаронсавиҳо дар раъйпурсӣ барои таъмини истиқлолияти Алҷазоир овоз доданд.
***
8 январи соли 2010 дар пойтахти Салвадор қариб баъди ним асри танаффус Сафорати Куба ифтитоҳ карда шуд.
***
Соли 2018 Лигаи футболи Тоҷикистон сомонаи расмии интернетии худро бо суроғаи www.tfl.tj ва www.flt.tj ифтитоҳ намуд.
***
Соли 1861 дар Империяи Русия аввалин шумораи рӯзномаи «Вокруг света» нашр шуд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 январ, чоршанбе, 7-умин рӯзи соли 2026 аст






