ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 январ, ҷумъа, 9-умин рӯзи соли 2026 аст
22 сол пеш, 9 январи соли 2004 Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳодисаҳои офати табиӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо раиси вақти вилоят Алимамад Ниёзмамадов суҳбати телефонӣ анҷом доданд. Сарвари давлат ба раиси вилоят супориш доданд, ки барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои офати табиӣ, бахусус расонидани кумак ба оилаҳои зарардида, таъмиру барқароркунии роҳҳо, хатҳои алоқа, барқ ва дигар иншооти маъмурӣ тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ фармон ба имзо расониданд.
***
9 январи соли 1940 Иттифоқи композиторони Тоҷикистон таъсис дода шуд.
9 ЯНВАР:
Рӯзи байналмилалии хореограф.
***
Дар Панама – Рӯзи фидокорӣ.
***
Дар Тайиланд – Рӯзи кӯдакон.
РӮЙДОДҲО:
9 январи соли 2009 дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон китоби нави шоир ва публитсисти номдори тоҷик Зиё Абдулло таҳти унвони «Ҷоми Симурғ» рӯнамоӣ гардид.
***
9 январи соли 2014 намояндаи махсуси Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Роҳбари Маркази минтақавии Созмони Милали Муттаҳид оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ Мирослав Йенча бо сафар ба Тоҷикистон омад.
***
11 сол пеш, 9 январи соли 2015 дар шаҳри Душанбе дурнамои рушд ва афзоиши минбаъдаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ байни Тоҷикистон ва Туркия дар соли 2015 баррасӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи рақобат»-ро баррасӣ намуд.
***
9 январи соли 1951 дар Ню-Йорк маросими ифтитоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид.
***
Соли 1799 аввалин маротиба дар таърихи чаҳон дар Англия андоз аз даромад ҷорӣ карда шуд.
***
Соли 2007 аввалин iPhone пешниҳод карда шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» хабар дод, ки дар нашриёти «Ношир»-и шаҳри Хуҷанд «Девони ғазал»-и Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ, ходими адабии АМИТ «Ховар» Камол Насрулло аз чоп баромад.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 30 январ, ҷумъа, 30-юмин рӯзи соли 2026 аст






