ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Давлатбӣ Давлатова дар эҳёи порадӯзии миллӣ саҳми назаррас мегузорад

Январь 2, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 02.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳунарманд Давлатбӣ Давлатова аз Ҷамоати Эсанбойи деҳаи Марғзори ноҳияи Рӯдакӣ беш аз даҳ сол мешавад, ки ба ҳунари қадимии халқи тоҷик- порадӯзӣ машғул аст. Ин зани ҳунарманд бо меҳнати ҳалол ва ҳунари нозуки худ тавонистааст то андозае дар вазъи иқтисодии оила саҳм гузорад.

— Порадӯзӣ барои Давлатбӣ Давлатова на танҳо ҳунар, балки анъанаи хонаводагӣ гардидааст. Келин ва духтаронаш низ бо шавқу завқ ин ҳунарро аз ӯ омӯхта, имрӯз дар паҳлуи модар ба омода намудани маҳсулоти гуногуни дастӣ машғуланд. Рушди ин навъи ҳунар дар ин хонадон боис шудааст, ки сифати маҳсулот беҳтар ва ҳаҷми фармоишҳо бештар гардад.

Маҳсулоти омоданамудаи ин оилаи ҳунарманд гуногунранг ва зебо мебошанд. Онҳо курпа, курпача, болишт, чодари арӯсӣ ва куртаҳои арӯсиро бо завқи баланд ва нақшу нигори миллӣ омода менамоянд. Ҳар кори дастӣ бо рангу ороиши хос фарқ мекунад ва аз ҳунару салиқаи баланд дарак медиҳад.

Ба андешаи Давлатбӣ Давлатова, эҳёи ҳунарҳои мардумӣ барои нигоҳдории фарҳанги миллӣ ва ҳамзамон беҳтар намудани шароити зиндагии оилаҳо аҳамияти калон дорад. Ӯ бовар дорад, ки агар занон бештар ба омӯзиши ҳунарҳои дастӣ ҷалб шаванд, метавонанд ҳам мустақилияти иқтисодӣ пайдо намоянд ва ҳам анъанаҳои неки ниёгонро зинда нигоҳ доранд.

Фаъолияти ин зани ҳунарманд намунаи равшани он аст, ки бо меҳнат, сабр ва ҳунар метавон дар деҳот низ манбаи даромад пайдо кард ва дар рушди иқтисоди маҳаллӣ саҳм гузошт. Маҳсули кори ин ҳунарманд на танҳо манбаи даромади худаш мегардад, балки ба дигар занону духтарон низ илҳом мебахшад.

Ёдовар мешавем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 декабри соли 2025 дар Паём ба Маҷлиси Олӣ иброз доштанд, ки «бовар дорам, ки занон мамлакат барои тарбияи фарзандон дар руҳияи омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, риояи қонунҳои миллӣ «Дар бораи танзими ҷашну маросим» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», расму ойинҳо ва суннату анъанаҳои мардуми бостонии тоҷик, аз ҷумла сарфаю сариштакорӣ ва пӯшидани либосҳои миллӣ саъю кӯшиши бештар ба харҷ медиҳанд».

Дар ин замина метавон гуфт, ки Давлатбӣ Давлатова яке аз занони ҳунарманде мебошад, ки дар рушди ҳунарҳои мардумӣ, пос доштани расму ойнҳои миллӣ нақши назаррас дорад. Зеро маҳсули дасти ин ҳунарманд ва наздиконаш дар чорабиниҳои байналмилалӣ ба намоиш гузошта ва сайёҳон бо ин навъи ҳунари қадимии халқи тоҷик шинос мешаванд.

Тибқи иттилои мудири бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ Моҳира Усмонзода, дар Ҷамоати Эсанбойи ноҳия қариб 60 зан ба порадӯзӣ ва гулдӯзӣ машғул ҳастанд. Ҳар яки онҳо бо ҳунари худ зиндагии оилаашро пеш мебаранд ва ҳамзамон анъанаҳои миллиро зинда нигоҳ медоранд.

Ҳунарманд Давлатбӣ Давлатова ният дорад, ки соли 2026 лоиҳаи грантии худро ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд ва тавассути дастгирии давлатӣ доираи фаъолияти ҳунармандияшро васеъ гардонад.

Ба андешаи ин ҳунарманд, дар ҳолати дастгирӣ ёфтан мехоҳад шароити кориро беҳтар намуда, таҷҳизоти зарурӣ ва ашёи хоми босифат харидорӣ кунад. Ин иқдом имкон медиҳад, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти порадӯзӣ афзоиш ёфта, сифати он боз ҳам баланд бардошта шавад.

Ёдовар мешавем, ки маҳз бо дастгириҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2006 грантҳои президентӣ татбиқ мегарданд, ки ба фаъолияти босамари занон равона гардидаанд. Агар соли 2006 маблағи ин грантҳо 150 000 сомониро ташкил медод, пас соли 2025 маблағи грантҳо ба 15 миллион сомонӣ расонида шуд.

Мақсади асосии грантҳо, пеш аз ҳама, бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон, ҳамзамон зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дастӣ, махсусан коргоҳҳои дӯзандагӣ, ҳунармандӣ ва инчунин беҳтар намудани сатҳи иқтисодии оилаҳо мебошад.

Бояд гуфт, ки маҳз тавассути чунин тадбирҳои судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, занон бо фаъолияти густурда дар иқтисоди миллии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.

Ҳамин аст, ки ҳамасола барои занони ҳунарманд, соҳибкор ва ниёзманд грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд. Ин имкон фароҳам меорад, ки занони тоҷик дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастӣ, парвариши чорво, паранда, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ тиҷорати худро пеш баранд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Январь 2, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 дар Тоҷикистон 236 километр роҳҳои мошингард ва иншооти роҳу нақлиёт бунёд гардид
ВАЗЪИ БУҲРОНҲОИ СИЁСӢ ДАР ҶАҲОН. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир гардид
БИСТСОЛАИ ОМӮЗИШ ВА РУШДИ ФАНҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, ДАҚИҚ ВА РИЁЗӢ. Бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ таҷҳизоти лабораторӣ харида шуд
Тағйирёбии ҳарорати ҳаво, обшавии босуръати пиряхҳо ва афзоиши басомади офатҳои табиӣ. Андешаҳои коршинос дар ин мавзуъ
Дар 7 соли охир дар Тоҷикистон беш аз 2600 корхонаи саноатӣ ба фаъолият оғоз намудааст
Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ оид ба тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
ПАЁМИ ЭҲЁИ МАЪНАВӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
СОЛИ 2026 МОРО ЧӢ ИНТИЗОР АСТ? Гузориши хабарнигорони АМИТ «Ховар» дар бораи навгониҳо дар ҳаёти сокинони Тоҷикистон
Маркази тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз сармоягузорӣ ба ояндаи маънавии миллат мебошанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯз, Меҳргон, Сада ва Тиргон таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд»
Сарфаи неруи барқ на танҳо ба коҳиши хароҷоти оилавӣ, балки ба самаранокии неруи барқ низ мусоидат менамояд