Дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ оид ба тавзеҳи нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ҷаласа баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 30 декабр дар Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзуи «Паёми Президенти Тоҷикистон – дастури раҳнамо» ҷаласа баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ин институт.
Дар ҷаласа нуктаҳои асосии Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд. Иброз гардид, ки муҳимтарин нукта дар ин санад ба соҳаи илму маъориф ва фаъолияти Академияи миллии илмҳо равона гардид. Таъсиси Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз аз муҳимтарин масъалаҳое буданд, ки ташкили онҳо ба фаъолияти Академияи миллии илмҳо робитаи мустақим дорад.
Таъкид гардид, ки комиссияи тадорукоти институт лоиҳаи Консепсияи «Маркази байналмилалии Наврӯз»-ро давоми як ҳафта таҳия ва ба Раёсати Академияи миллии илмҳо пешниҳод намуд.
Дар ҷаласа дар мавзуъҳои «Пайғому паёми ибратомӯз» ва «Насли босаводу донишманд – ояндаи давлату миллат» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.
АКС: Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд






