ВАЗЪИ БУҲРОНҲОИ СИЁСӢ ДАР ҶАҲОН. Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир гардид
ДУШАНБЕ, 02.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. Давоми 34 соли Истиқлолияти давлатӣ маротибаи 24-ум аст, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» пешниҳод гардид. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Паём аз ҷониби Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ифодаи хоси марҳилаи нави рушди давлатдории миллӣ ба шумор меравад.
Буҳронҳои сиёсӣ
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз вазъи буҳронҳои сиёсӣ дар ҷаҳон ёдовар шуданд. Вазъи мазкур ба он асоснок мегардад, ки силсилаи низоъҳои ҳарбӣ дар ҷаҳон идома ёфта, шумораи ҷангҳо афзоиш меёбад. Гарчанде ки бисёре аз низоъҳо то ҳол «яхкардашуда» ҳастанд, аммо ҷаҳон дар раванди таҳаввулот буда, мо ҳамаашро хоҳем дид.
Тибқи иттилои Пажӯҳишгоҳи таҳқиқоти сулҳи Осло, соли 2024 дар ҷаҳон 61 низои мусаллаҳона ба қайд гирифта шудааст, ки ин рақами баландтарин дар 70 соли охир аст. Дар натиҷаи ҷангҳо ва низоъҳо соли 2024 тақрибан 129 000 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки дар таърихи инсоният соли 2024 — чорумин соли марговартарин (аз замони анҷоми ҷанги сард дар соли 1989) ба ҳисоб меравад. Аз лиҳози ҷуғрофӣ ин низоъҳо ба Африқо (28), Осиё (17), Ховари Миёна (10), Аврупо (3) ва Амрико (2) рост меоянд. Яъне инсоният дар раванди таҳаввулоти бузург қарор дошта, хеле кам ҳолатҳое мешаванд, ки тағйирот орому осоишта ба вуқуъ пайвандад. Мутаассифона, манбаъҳои таниш ногузир ба миён меоянд.
Тамоюли дигари нигаронкунанда афзоиши хушунат бар зидди сокинони осоишта мебошад. Танҳо соли 2024 қариб 14 000 нафар бар асари ҳамлаҳои ҳадафмандона қасдан ба ҳалокат расидаанд, ки нисбат ба соли 2023 ин нишондиҳанда 31 дарсад зиёд мебошад.
Нигарониҳо аз шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон
Пешвои миллат дар мавриди нигарониҳо аз шиддат гирифтани рақобатҳои геосиёсӣ ва геоиқтисодӣ ба хотири аз нав тақсим кардани ҷаҳон иброз доштанд, ки ин самт ба он асоснок мегардад, ки пас аз анҷоми ҷанги сард кишварҳои миллӣ мебоист ба сӯи ташаккули низоми воқеан баробарҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид пешбинӣ шудааст, ҳаракат мекарданд. Аммо, баръакси чунин принсип, баъзе қудратҳо нақши пешвои ҷаҳонӣ, довар ва танзимкунандаро бар дӯш гирифта, ҷаҳонро ба «худӣ» ва «бегона», ба «демократӣ» ва «автократӣ», ба гурӯҳи «баргузидагон» ва «вайронкунандагон»-и тартиботи таҳмилшуда ҷудо менамоянд.
Метавон натиҷагирӣ намуд, ки заиф шудани ниҳодҳои сиёсӣ, номутавозинии қувва, ташаккули нотамоми низоми бисёрмарказӣ, рақобат дар соҳаи геосиёсат ва бисёр омилҳои дигар ба ноустувории муҳити байналмилалӣ таъсир мерасонанд.
Имрӯз ҷаҳон дар вазъияте қарор дорад, ки низоми муносибатҳои байналмилалӣ ноустувор гардида, пайомади он аз нав тақсим кардани ҷаҳон мебошад. Бешубҳа, дар ин замина низоми нав ташаккул меёбад. Гарчанде ки барои ин ташаккулёбӣ марҳалаи дақиқро гуфтан ғайриимкон аст, аммо пайомадҳо дар ҳар шакле, ки бошанд, мо дар сафи пеши ҳамон раванд қарор дорем. Дар воқеъ, раванди мазкур маҳз бар асоси муқовимати геоиқтисодӣ муайян карда мешавад, ки нишонаҳои возеҳи он дар низоъҳои муосир зоҳир мешавад.
Новобаста аз тартиботи ҷаҳонӣ давоми ду даҳсолаи охир дар амалкарди сиёсати хориҷии баъзе қудратҳо гардишҳои тезу тунд мушоҳида мегардад, ки дар амалияи дипломатӣ ғайриинтизор аст. Бархурди ҳадафҳо, номувофиқатии манфиатҳо, шиддати таҳаммулнопазирӣ ва адами ҳамдигарфаҳмӣ ҷойгоҳи музокироту гуфтушунидро дар ҷаҳони дипломатия танг намуд. Маҳз ба ин хотир, ҳатто сарфи назар аз мавҷудияти ниҳодҳои ҳамгироӣ баъзе қудратҳо дар муносибат бо ҳамтоёни худ мақоми сирф зидду муқобилро пеша мегиранд, ки оқибатҳои он ба низоъҳои мусаллаҳона оварда расонидааст.
Аз ин рӯ, равишҳои мазкур аз ҷониби доираи васеи коршиносон ҳамчун «ҷанги сарди нав» арзёбӣ гардидааст. Зеро танишҳои муосире, ки байни давлатҳо ҷараён дорад, дар баробари хусусияти идеологии ҷанги сарди солҳои 1946-1991, инчунин унсурҳои геоиқтисодиро низ дар пай дорад.
Заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ
Маҳз чунин равандҳои пуртазод дар арсаи байналмилалӣ ба заиф гардидани меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мусоидат менамоянд. Дар баробари ҳамаи ин, бузургтарин фоҷеаи ҷанги сард ба он асоснок мегардад, ки муборизаҳо дар ҳудуди давлатҳои рақобаткунанда ҷараён намегирифт, балки кишварҳои атроф ва иттифоқчиён қурбони ҷангҳои мусаллаҳона мегаштанд. Аз ин нуқтаи назар Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори нигаронӣ намуданд, ки «мавҷи нави ҷанги сард» на танҳо ба қудратҳои ҷаҳонӣ, балки ба давлатҳои атроф мустақиман таҳдид дорад. Ин нуктаро Александр Стубб, Президенти Финляндия, давлате, ки борҳо ба чунин душворӣ рӯ ба рӯ гардида, ҳоло низ дар вазъи муташанниҷ қарор дорад, чунин иброз намудааст: “Низоми ҷаҳонӣ аз бисёрсамтӣ ба бисёрқутбӣ мегузарад, ки дар он созишҳо ва самтҳои таъсиррасонӣ меъёрҳои умумиро иваз мекунанд ва давлатҳои хурд бори дигар ба хатари табдил шудан ба объекти қарорҳои қудратҳои бузург мувоҷеҳ мешаванд”.
Ҳамин тавр, дар робита ба таъкидҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, на танҳо ниҳодҳои масъули сиёсати хориҷӣ, балки тамоми субъектҳои дахлдори сиёсати давлатиро зарур аст, ки ба тавсеаи ҳамкории дуҷонибаву бисёрҷониба бо кишварҳо ва ниҳодҳои шарик таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир намуда, барои идомаи иштироки фаъол дар заминаҳои гуногун дар оянда низ саъю талош намоянд. Бояд иброз намуд, ки масъалагузории мазкур дар иҷрои уҳдадориҳои касбӣ масъулияти баланд ва шаффофият талаб менамояд. Зеро дурнамои ҷойгоҳи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ маҳз ба иҷрои саривақтӣ ва сифатноки вазифагузориҳои соҳа вобаста мебошад.
Фарҳод РОЗИҚОВ,
роҳбари Маркази мутолиоти минтақавӣ ва муқоисавии назди
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сари вақт расонидани ёрии аввалин беморро метавонад аз марг наҷот диҳад
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон: «Масъалаи захираи дусолаи маводи хӯрокворӣ дар ҳар оила нисбат ба ҳарвақта мубрамтар мегардад»
САДА — ОЙИНИ МЕҲР ВА ОЗОДИСТ. Ин ҷашн аз замонҳои қадим дар байни гузаштагони мо аҳамияти бузург дошт
ФУРӮҒИ «ШОҲНОМА» ДАР ҲАР ХОНАДОНИ ТОҶИК. Фирдавсӣ моро ба посдории арзишҳои миллӣ роҳнамоӣ менамояд
«САДА ҶАШНИ МУЛУКИ НОМДОР АСТ…». Он ба ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллӣ табдил ёфтааст
НИЗОМИ ТАҲСИЛИ 12-СОЛА. Онро зиёда аз 150 давлати дунё эътироф намудаанд
Ҷанбаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар соҳаи инноватсия тавзеҳ дода шуданд
Доир ба тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ҳамоиш баргузор шуд
22 ЯНВАР — РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ ГУМРУК. Таъмини амнияти иқтисодии Тоҷикистон рисолати асосии ин мақомот аст
ҶАННАТ ҲУСЕЙНЗОДА – «МОТСАРТИ ҶАВОН»
Дар Кумитаи рушди маҳал Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуд
«ПАЁМ-РОҲНАМОИ ЗАНОН ДАР ҶОМЕА». Дар Душанбе ҳамоиши кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ доир шуд






