«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ». Ҷашни Сада таҷассуми одатҳои неки башардӯстона мебошад
ДУШАНБЕ, 31.01.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 декабри соли 2023 зимни иҷлосияи 18-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО «Ҷашни Сада» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ворид гардид. Ҷашни Сада таҷассуми мароми неки башардӯстона буда, мардумро ба дӯстию бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд. АМИТ «Ховар» дар робита ба таҷлили Сада унсур ва хусусиятҳои неки ин ҷашнро пешниҳод менамояд.
-Сада панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар гирифта, аз наздик омадани фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ мужда мерасонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни яке аз суханрониҳояшон изҳор намуданд, ки «эҳёву таҷлили ҷашни Сада ҳамчун рамзи истиқболи фасли нуру гармӣ, некиву саховатмандӣ, сарҷамъӣ ва ваҳдати кулли шаҳрвандон дар густариши корҳои ободониву созандагӣ ва хуррамиву пешрафти Тоҷикистони азизамон нақши муассир гузошта, дар оғози сол чун паёмовари Наврӯзи оламафрӯз ба зиндагии мардуми шарифи Тоҷикистон муждаи хуррамию хушбахтӣ меоварад».
ЧИЛЛАИ КАЛОН ВА ХУРД. Дар солшумории аҷдодии тоҷикон «Чиллаи калон» давраи сардтарини зимистон (тақрибан аз 25 декабр то аввали феврал) буда, пас аз он «Чиллаи хурдак» оғоз меёбад, ки як фосилаи кӯтоҳи чилрӯзаи зимистони сард аст ва баъди он ҳаво тадриҷан гарм мешавад. «Чилаи калон»-ро чиллаи кабир ва «Чилаи хурдак»-ро чиллаи сағир низ меноманд.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 январи соли 2022 дар паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Сада иброз намуданд, «мутобиқи тақвимҳои суннатии тоҷикон ҷашни Сада ба анҷоми чиллаи калон рост омада, аз он дарак медиҳад, ки зимистон ва давраи сармои он ба охир расида истодааст ва фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ наздик аст».
Пажӯҳишгари тоҷик Зафар Мирзоён таъкид намуда буд, ки рӯзи нахустини ҷашни Садаро «Чиллаи хурд (ак)» номидаанд. «Чиллаи хурд»-ро 20 рӯз ва 20 шаб ҳисоб мекунанд, ки дар маҷмуъ шумораи 40 мешавад. Дар байни тоҷикон, бахусус мардуми кӯҳистон то ҳанӯз тақвими мардумӣ маъмул аст, ки назар ба он зимистонро ба «Чиллаи калон» ва «Чиллаи хурдак» фасл мекунанд.
ОТАШ. Ба таҳқиқи пажӯҳишгарон, дар ҷашни Сада оташ афрӯхта мешуд. Одамони бемор бо нияти шифо аз болои оташ гузашта, ин суханонро ба забон меоваранд: «Зардии рӯямро бигир, сурхии рӯятро бидеҳ». Инсонҳо дар гирди ин оташ хурсандӣ мекарданд ва дар атрофи он мерақсиданд. Инчунин одате низ вуҷуд дошт, ки хокистари оташи Садаро деҳқонон ба замини кишт мепошиданд.
Оташ дар маҷмуъ дар фарҳанги мо танҳо рамз аст. Аз тарафи дигар, як навъ эҳтиром ба табиат ва неъматҳои он мебошад. Академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ иброз намуд, ки «агар Хуршед бо нури худ ва фурӯзонии хеш ба зиндагии одамон гармӣ ворид карда бошад, пас оташу рӯшноӣ барои мунаввар сохтани қалби онҳо ва идомаи зиндагиашон асос гузошт. Дар баробари ин, ниёгони пешини мо рӯйи худро ба сӯйи оташ намуда, дастони худро ба сӯйи Хуршед мебурданд ва барои беҳбуди рӯзгори хеш аз оташу Хуршед мадад металабиданд. Ҳадаф аз ин ниёиш расидан ба Наврӯз ва омадани соли хуб барои кишту кор буд».
ОҒОЗИ КИШТИ КОР. Ниёгони мо пас аз ҷашнгирии Сада ба корҳои кишоварзии баҳорӣ омодагӣ мегирифтанд. Тавре таъкид гардид, деҳқонон хокистари гулхани Садаро ба халтаҳо гирифта, ба заминҳои кишт мепошиданд. Боғдорон дар водиҳо ба шохчабурии дарахтон оғоз мекарданд. Дар робита ба ин, имрӯз низ деҳқонони моро мебояд ин анъанаҳоро риоя намоянд.
Ҷашни Сада рамзи хоси омодогиҳост. Иддае аз кишоварзон дар мавсими баҳор заминҳоро кишт карда, то расидани мавсим барои тоза кардани тухмӣ, омода намудани заҳбуру заҳкашҳо ва ҷӯю обпартоҳо корҳоро ба анҷом мерасониданд. Чорводорон низ масъуланд, ки чорабиниҳои пешгирикунандаи хатари сар задан ва паҳншавии бемориҳои ҳайвонотро амалӣ намоянд.
ДАСТАРХОНИ САДА. Ба муносибати ҷашни Сада дастурхон кушода мешавад. Ба иттилои мардумшиносон, дар дастархон бештар ҳамон навъи хӯрокҳо гузошта мешуд, ки дар чунин айёми сол барои одам фоидабахш бошад. Аслан, мардум барои фасли зимистон аз тобистону тирамоҳ омодагӣ мебинанду меваҳо ва дигар анвои хӯрданиҳоро захира мекунанд. Аз ин лиҳоз, дар дастурхони Сада меваҳои тару хушк гузошта мешуд.
Ба андешаи фарҳангшинос Ҷонибек Асрориён, занон аз мош, гандум, лӯбию нахӯд хӯрокҳои кичирӣ, кашк, далда, ширруған, қурутоб, дуғҷӯшӣ, умоч ва ғайра омода намуда, онҳоро ба дастархон мегузоштанд. Албатта, дастархони ҷашни Сада ҳам ҳикмати худро дошт. Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, «мардум якдигарро бо фарорасии ин ҷашн табрик гуфта, хони зебо меоростанд ва орзу мекарданд, ки аз баракати он ба диёрашон фасли бобарору фаровонӣ қадам гузорад, сардӣ дур шуда, гармиву серобӣ фаро расад».
ШИРРӮҒАН. Мардумшинос Мумина Шовалиева зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд, ки ҳар минтақаи мамлакат таомҳои хоси суннатии худро дорад, ки дар рӯзҳои ин ҷашн омода карда ва ба дастархон гузошта мешаванд.
Яке аз таомҳои асосии ҷашни Сада ширрӯған мебошад. Аз фасли тирамоҳ занон барои омода кардани таоми маросимӣ дар ин ҷашн ба даруни «рӯғанчима»- кӯза барои нигоҳдорӣ равғани зард гузошта, болояшро бо хамир рӯпӯш мекарданд ва аз болои хамир боз як маротиба бо лой андова намуда, таги замин мехобонданд. Ин кӯзаҳоро занҳо то таҷлили ин ҷашн нигоҳ медоштанд. Ҳангоми фарорасии ҷашни Сада занон нони чаппотӣ, ки ҳамеша «нони маросимӣ» ҳисобида мешуд, мепухтанд. Дар табақи аз сафол ё чӯб омодашуда нон реза карда, дар болои он равғани зард монда, сипас шири гарм мерехтанд, ки онро ширрӯған мегуфтанд. Ҳамин гуна таомро се рӯз пайи ҳам тайёр мекарданд. Аз ин рӯ ширрӯғанро таоми махсуси ҷашни Сада меноманд.
ХАЙРУ ЭҲСОН. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ, дар айёми ҷашни Сада хайру эҳсон зиёд мешуд. Мардум ба якдигар туҳфа дода, ба беморон кумак мерасониданд. Ҳамин тариқ, Сада рамзи муҳаббат, ҳамдилӣ ва ҳамбастагӣ мебошад, ки одамонро ба хотири ояндаи нек бо ҳам муттаҳид мекунад.
Сада чун оинаест, ки дар он таърихи пурғановати миллати тоҷик ҷой гирифтааст. Фалсафаи ҷашни Сада, пеш аз ҳама, ба принсипҳои инсондӯстию зиндагисозӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ асос меёбад. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳамоишҳои ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, мардуми мамлакатро водор месозанд, ки ин ҷашнҳои зиндагисозро пояндаю ҷовидонӣ нигаҳ доранд.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Бахшида ба ҷашни Сада дар Донишкадаи байналмилалии Левакант ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Эмомалӣ Раҳмон: «Сада дар радифи дигар ҷашнҳои миллии мо мероси маънавии пурбаҳое аз аҷдоди некномамон мебошад»
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАРГАР. Мардуми тоҷик давоми ҳазорсолаҳо бо санъати заргарии худ шуҳрат пайдо кардааст.
Имрӯз дар Душанбе ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомат таҷлил мегардад
САДА — ҶАШНИ СУННАТИИ КИШОВАРЗОН. Он мардумро ба покизагӣ, некандешӣ, ватандӯстӣ ва дӯстию рафоқат ҳидоят менамояд
Пагоҳ дар Душанбе ҷашни Сада ва намоиши тухмии зироати кишоварзӣ баргузор мешавад
НИЗОМИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Аз 1 июли соли 2026 истифодаи ҳатмии рамзи ягона барои соҳибкорони инфиродӣ ҷорӣ мегардад
Дар ноҳияи Айнӣ ҷашни Садаро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Ҷашни Сада оинаест, ки дар он таърих, фарҳанг, фалсафа ва ахлоқи мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст»
Сокинони шаҳри Ҳисор ҷашни Садаро ботантана таҷлил намуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ Иди Садаро бошукӯҳ таҷлил намуданд






