35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Соли 2026 дар Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст

Февраль 14, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2026 дар идомаи корҳои созандагиву ободонӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон бунёди зиёда аз 1500 иншооти нав ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла, сохтмони иншоот дар соҳаи маорифу тандурустӣ — муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, муассисаҳои томактабӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои хизматрасонии тиббӣ ва таъсиси беш аз 80 корхонаву коргоҳи нави саноатӣ дар назар аст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар вилояти Хатлон бунёди 6260 адад иншоот ба нақша гирифта шуд. Ба ҷойи 6260 адад иншооти пешбинишуда, 6640 иншоот сохта, ба истифода дода шуд, ки нисбат ба нақша 380 адад зиёд мебошад. Танҳо дар соли 2025 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 2572 иншооти гуногун сохта, ба истифода дода шуд, ки нисбат ба нақшаи солона 2,3 баробар зиёд аст.

Ёдовар мешавем, ки соли гузашта дар вилоят 146 муассисаи соҳаи маориф, аз ҷумла 110 муассисаи таълимӣ бо 1242 синфхона барои (31050 ҷойи нишаст дар як баст) 62100 ҷойи нишаст дар ду баст сохта, мавриди истифода қарор дода шуд. Ҳамзамон, дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилоят 32 адад муассисаи томактабӣ (аз ҷумла, 20 боғча барои 4074 ҷой) бунёд гардид, ки ин теъдод фарогирии кӯдакони синни томактабиро аз 24,7 фоизи соли 2024 ба 33,2 фоиз дар соли 2025 баробар намуд.

Мавриди тазаккур аст, ки аз ҳисоби соҳибкорон ва сокинони саховатпеша 61 муассисаи таълимӣ (барои 9450 ҷойи нишаст дар як баст) барои 18900 ҷойи нишаст дар ду баст (ба маблағи зиёда аз 115 миллион сомонӣ) ва 13 муассисаи томактабӣ барои 2440 ҷой (ба маблағи зиёда аз 33 миллион сомонӣ) бунёд гардиданд.
Ҳамчунин, соли 2025 41 муассиса барои соҳаи тандурустӣ ба маблағи 105 миллион сомонӣ ва 61 иншооти соҳаи варзиш ба хотири солимгардонии аҳолӣ ба маблағи 131 миллион сомонӣ (варзишгоҳҳои марказӣ, майдончаҳои варзишии кушода ва болопӯшида, ҳавзҳои шиноварӣ) сохта ба истифода дода шудааст.

Тавре дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «аз 29 ҳазор иншооту биноҳои ба ифтихори ҷашни 35-солагӣ ба нақша гирифташуда то имрӯз 26 ҳазори онҳо ба истифода дода шудаанд, ки беш аз 70 фоизашон аз ҳисоби соҳибкорону шаҳрвандон мебошад. Бовар дорам, ки то ҷашни муқаддаси миллӣ шумораи онҳо аз 30 ҳазор мегузарад».

Сарвари давлат хотиррасон намуданд, ки «то рӯзҳои ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ вақти хеле кам мондааст.Мо бояд то ин санаи муқаддас корҳои созандагиро боз ҳам вусъат бахшида, чорабиниҳои ҷашниро бо сатҳу сифати баланд амалӣ созем. Ҳар як шаҳрванд ва ҳар як оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд».

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 14, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд