Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд

Февраль 6, 2026 17:30

РӮДАКӢ, 06.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зимни вохӯрии роҳбарияти прокуратураи ноҳияи Рӯдакӣ бо кормандони Корхонаи фаръии давлатии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ва Кумитаи идораи замини ноҳия нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуданд. Дар ин хусус ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ иттилоъ доданд.

Прокурори ноҳияи Рӯдакӣ Мутеъулло Раҷабзода иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳуҷҷати муҳимми сиёсию ҳуқуқӣ самтҳои асосии рушди ҷомеа, волоияти қонун ва масъулияти мақомоти давлатӣ ва хизматчиёни давлатиро муайян менамояд.

Ҳамзамон оид ба масъалаҳои муҳимми иҷтимоӣ гуфта шуд, ки тақлид ба фарҳанги бегона, густариши таълимоти ғайриқонунии динӣ ва ҳамроҳшавии наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ аз ҷумлаи хатарҳои ҷиддии замони муосир ба шумор мераванд. Шукргузорӣ аз фазои орому осудаи мамлакат, ҳифзи арзишҳои миллӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ, гиромидошти фарҳангу тамаддуни арзишманди гузаштагон ва риояи талаботи қонунгузории Тоҷикистон вазифаи ҳар фарди ҷомеа мебошад.

Дар вохӯрӣ масъалаи қонуншиканӣ, аз ҷумла ишғоли худсаронаи замин бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо ва вайрон кардани тартиби истифодаи қитъаҳои замин низ мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт.

Иброз гардид, ки бо ташаббуси прокуратураи ноҳия дар давраи ҳисоботӣ ҳолатҳои зиёди ҳуқуқвайронкунии кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ ошкор гардида, нисбат ба ин шахсон тадбирҳои дахлдори қонунӣ андешида шуданд.

Масъалаи ишғоли худсаронаи замин бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳо яке аз мушкилоти ҷиддӣ буда, ҳар гуна суиистифода аз вазифаи хизматӣ метавонад боиси ҷавобгарии қатъӣ гардад. Ба роҳбарон ва мутахассисони соҳа дастур дода шуд, ки барои пешгирии чунин қонуншиканиҳо назоратро пурзӯр намуда, ҳисси масъулияти шахсиро баланд бардоранд ва манфиати давлату ҷомеаро дар мадди аввал қарор диҳанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ

Февраль 6, 2026 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Тақвият ва таҳкими худшиносии миллӣ талаботи замони имрӯз аст
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд