Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд

Февраль 19, 2026 11:20

ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон таҳти унвони «Артиши миллӣ — пояи суботи давлат» ҳамоиш баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба институт.

Дар ҳамоиш дар мавзуъҳои «Артиши миллӣ-фарзанди аршади Истиқлолият», «Нақши бонувон дар Артиши миллӣ», «Артиши миллӣ-кафили суботи давлатӣ» ва «Тарбияи ҳисси ҳарбӣ-ватанпарастии насли ҷавон» маърузаҳо пешниҳод гардиданд.

Маърузачиён марҳилаҳои ташаккул ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ, саҳми занон дар сохторҳои ҳарбӣ ва амниятӣ,  масъалаҳои таҳкими иқтидори мудофиавӣ, нақши артиш дар таъмини суботи дохилӣ ва минтақавӣ, зарурати баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти давлатӣ дар байни ҷавононро иброз намуданд.

Артиши миллӣ яке аз рукнҳои асосии ҳифзи истиқлолият ва амнияти миллӣ арзёбӣ гардида, аҳамияти идомаи чунин чорабиниҳои илмӣ-назариявӣ барои таҳкими худшиносии миллӣ ва суботи давлат махсус таъкид гардид.

АКС: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Февраль 19, 2026 11:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ. Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносӣ ҳамоиш доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ доир шуд
Олимони тоҷик дар Конфронси байналмилалӣ оид ба гуногунии биологӣ дар Ереван иштирок намуданд
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Байни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии шарқшиносии Тошканд шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Ёвон ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026 муайян гардиданд
Пагоҳ маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор мегардад