Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илму маориф ҳамоиш баргузор шуд

Февраль 18, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/.  Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ таҳти унвони «Рушди илму маориф – ояндаи босаодати давлату миллат» конференсияи илмию методӣ баргузор гардид.

Тавре аз ин донишгоҳ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд,  иштирокчиёни конференсия бо дастовардҳои олимону омӯзгорон ва донишҷӯёни донишгоҳ шинос шуданд.

Зимни ҳамоиш иброз шуд, ки ҷомеаи ҷаҳон имрӯз дар марҳилаи нави рушди тамаддун қарор дорад. Пешрафти босуръати технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, иқтисоди рақамӣ ва равандҳои ҷаҳонишавӣ тақозо менамоянд, ки давлатҳо ба рушди сармояи инсонӣ такя намоянд. Зеро сарвати аслии миллат, пеш аз ҳама, донишу малака, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури созандаи шаҳрвандони он мебошад.

Таъкид гардид, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола зимни пешниҳоди Паём ба Маҷлиси Олӣ пайваста рушди илму маорифро меҳвари сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуда, иброз медоранд, ки «ояндаи давлат аз сатҳи дониш ва маърифати насли ҷавон вобаста аст». Ин дастуру ҳидоятҳо барои тамоми ниҳодҳои илмию таълимии мамлакат ҳамчун барномаи амали муассир хизмат менамоянд.

Тазаккур дода шуд, ки бе рушди устувори соҳаи илму маориф ноил гардидан ба ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла саноатикунонии босуръат, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва «сабз» ғайриимкон аст. Аз ин рӯ такмили сифати таҳсилот, ворид намудани усулҳои инноватсионӣ ва мутобиқ намудани барномаҳои таълимӣ ба талаботи замон яке аз самтҳои афзалиятнок ба шумор меравад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар донишгоҳ дар баробари ихтисосҳои самти ҳуқуқшиносӣ, сиёсатшиносӣ, иқтисод ва технологияҳои иттилоотӣ ихтисосҳои самти омӯзгорӣ низ ба роҳ монда шудаанд. Ин иқдом бо назардошти ниёзҳои бозори меҳнат ва талаботи ҷомеаи муосир амалӣ гардида, ба омода намудани мутахассисони рақобатпазир ва дорои малакаи муосири касбӣ равона шудааст.

«Омӯзгори муосир бояд бо методикаҳои нави таълим, назарияҳои равоншиносии маърифатӣ, фаҳмишҳои умумифаннӣ ва технологияҳои пешрафтаи омӯзишӣ шинос бошад. Истифодаи усулҳои омӯзиши фаъол, ҷорӣ намудани таҷрибаҳои инноватсионӣ ва такмили маҳорати касбӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсил заминаи мусоид фароҳам меорад», – баён шуд дар конференсия.

Иброз гардид, ки натиҷаҳои конференсия барои таҳкими ҳамкории муассисаҳои таълимӣ, марказҳои илмӣ ва сохторҳои давлатӣ заминаи устувор гузошта, ба рушди минбаъдаи илму маориф дар минтақа таъсири мусбат мерасонанд.

АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон

Февраль 18, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар 32-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон таҷлил карда шуд
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд