Дар Донишгоҳи Рединг ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим муаррифӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 28.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 феврал ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин аз Донишгоҳи Рединг диданд намуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ бо ректори донишгоҳ профессор Роберт Ван де Норт масъалаи роҳандозии ҳамкорӣ бо муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон роҳбари ҳайат барои донишҷӯён дар мавзуи ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти обу иқлим маъруза намуд. Аҳамияти ҳамкории байналмилалии устувор ҷиҳати таъмини идоракунии самараноки захираҳои об ва муқовимат ба тағийрёбии иқлим шарҳ дода шуд.
Бояд таъкид кард, ки Донишгоҳи Рединг дар раддабандии байналмилалӣ дар бахши устуворӣ (sustainability) байни 50 муассисаҳои беҳтарини таҳсилотии олии ҷаҳон ҷойгоҳи намоёнро ишғол менамояд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид






