Дар Душанбе омодагӣ ба Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» баррасӣ гардид

Февраль 6, 2026 19:35

ДУШАНБЕ, 06.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷаласаи гурӯҳи байниидоравӣ оид ба омодагӣ ва баргузории Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026 доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.

Дар ҷаласа муовини Сарвазири Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, роҳбарияти Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳои кишвар ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба омодагӣ ва баргузории Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026», аз ҷумла таҳияи барномаи фарҳангӣ, ҷалби сайёҳони хориҷӣ, муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат, таъмини ҳамоҳангии фаъолияти ниҳодҳои масъул ва истифодаи самараноки инфрасохтори сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Таъкид гардид, ки баргузории ин фестивал дар рушди сайёҳии дохилӣ ва байналмилалӣ, муаррифии арзишҳои фарҳангию таърихии халқи тоҷик, инчунин таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои имконоти васеи сайёҳӣ нақши муҳим хоҳад гузошт.

Дар ҷаласа Кумитаи рушди сайёҳӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вазифадор карда шуданд, ки бо истифода аз «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» бастаҳои сайёҳӣ таҳия намуда, ба фурӯш бароранд ва барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар тадбир андешанд.

Ба масъулин инчунин барои иҷрои саривақтии нақшаи чорабиниҳо, таъмини сатҳи баланди ташкилию хизматрасонӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои меҳмонону иштирокчиёни фестивал дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар фарҷом иштирокчиён барои ҳамкории зич ва саҳмгузорӣ дар баргузории муваффақонаи Фестивали байналмилалии сайёҳии «Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ – 2026» ибрози омодагӣ намуданд.

Ёдовар мешавем, ки фестивал дар асоси Нақшаи чорабиниҳо «Дар бораи ҷадвали баргузории ҷашну солгард, фестивалу намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2026» ва ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир карда мешавад.

Дар асоси тақвим дар рӯзҳои баргузории Иди байналмилалии Наврӯз дар пойтахти мамлакат инчунин якчанд чорабинӣ, аз ҷумла Форуми V байналмилалии «Наврӯзи Душанбе – меҳвари робитаҳои фарҳангию сайёҳӣ», маросими истиқболи Иди байналмилалии Наврӯз аз баландтарин мавзеи шаҳри Душанбе, консерти идона бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, Фестивали байналмилалии сайёҳии “Наврӯз – мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ”, Фестивали «Таомҳои миллӣ», Фестивали «Бозиҳои варзишии наврӯзӣ», барномаҳои фарҳангӣ дар ноҳияҳои пойтахт бахшида ба таҷлили Иди байналмилалии Наврӯз, Фестивали дӯстии ҷавонони пойтахт таҳти унвони «Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ», Мусобиқаи гӯштини миллии «Гӯштингирӣ» ва ғайра баргузор карда мешаванд.

Аз шуъбаи рушди сайёҳии пойтахт иттилоъ доданд, ки видеороликҳои тарғиботии чорабиниҳои наврӯзӣ дар саҳифаҳои расмии шуъба дар шабакаҳои иҷтимоии Фейсбук (Dushanbe-travel), Инстаграм (dushanbe.travel), Телеграм (dushanbe.travel) ва TikTok (dushanbe.travel) дастрас мебошанд.

«Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» бо мақсади рушду тавсеаи соҳаи сайёҳӣ, ташаккул ва муаррифии бренди миллии сайёҳӣ, пешбурди маҳсулоти сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф, истифодаи оқилонаи захираҳои табиию реакреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангии мамлакат, бахусус шаҳри Душанбе таҳия ва тасдиқ карда шудааст.

Мавриди таъкид аст, ки ҳамасола дар қаламрави Тоҷикистон, бахусус пойтахти он – шаҳри Душанбе бо иқдоми созандаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иди байналмилалии Наврӯз дар сатҳи баланд ва бошукуҳ таҷлил гардида, дар доираи он чорабиниҳои мухталифи фарҳангию фароғатӣ, илмию амалӣ ва оммавию варзишӣ бо шаҳомати хосса баргузор мегарданд.  Ин ҳама иқтидори фарҳангии пойтахти Тоҷикистон – шаҳри Душанберо бо шаҳрҳои бузурги олам ҳамоҳанг намудааст.

АКС: шуъбаи рушди сайёҳии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе/Dushanbe-travel

Февраль 6, 2026 19:35

Хабарҳои дигари ин бахш

СОКИНИ ПОЙТАХТ БУДАН ИФТИХОР АСТ! Имрӯз Душанбе гаҳвораи тамаддуни миллати тоҷик гардидааст
Душанбе бо зебоӣ ва тароваташ байни сокинон ва сайёҳон ҳамчун «шаҳри гулҳо» маъруф аст
РӮЗИ ПОЙТАХТ. Душанбе маркази ташаккул ва рушди кластерҳои инноватсионӣ мебошад
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ СУЛҲУ СУБОТ ВА ВАҲДАТИ МИЛЛӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи пойтахт
Фарҳод Раҳимӣ: «Рушди шаҳри Душанбе дар замони муосир ва нақши Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар шаклгирии фазои иҷтимоӣ ва маънавӣ»
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ қадрдонӣ карда шуданд
ЧУ ДИЛ ДАР СИНААМ ҶОӢ, ДУШАНБЕ… Симои пойтахти Тоҷикистон ба таври шинохтанашаванда дигаргун шудааст
ДУШАНБЕ — ШАҲРИ «САБЗ». Дар пойтахт давоми 9 соли охир зиёда аз 130 миллион дона гули мавсимию бисёрсола шинонида шудааст
НАҚШИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ДАР ТАШАККУЛИ СИМОИ НАВИ ПОЙТАХТИ ТОҶИКИСТОН. Ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Дар Донишкадаи байналмилалии Левакант конфронси илмӣ-амалӣ доир гардид
Дар Душанбе ҳамкории давлат, илм ва бахши хусусӣ дар таъмини рушди устувори соҳибкорӣ муҳокима гардид
Пагоҳ дар Душанбе ниммарафони XVI байналмилалӣ баргузор мегардад