Дар Душанбе тақвияти ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид

Февраль 18, 2026 16:20

ДУШАНБЕ, 18.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷонибаи гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Узбекистон дар мулоқоти Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Хуршед Каримзода бо муовини Раиси Кумитаи гумруки назди Вазорати иқтисод ва молияи Ҷумҳурии Узбекистон Надир  Мусамухамедов баррасӣ гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Ҷонибҳо масъалаҳои муайян намудани арзиши гумрукӣ, татбиқи меъёрҳои боҷи воридотӣ, истифодаи усули захиравии арзёбӣ, инчунин рушди рақамикунонӣ ва табодули электронии маълумотро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Сардори Хадамоти гумрук сатҳи баланди муносибатҳои байнидавлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистонро таъкид намуда, онҳоро бародарона ва стратегӣ арзёбӣ намуд. Гуфта шуд, ки усулҳои амалкунандаи арзёбии гумрукӣ нисбат ба ҳамаи молҳо, новобаста аз кишвари истеҳсол татбиқ гардида, бар зидди ягон тараф равона нашудаанд.

Таваҷҷуҳи махсус ба масъалаҳои ҷорӣ намудани механизмҳои иттилооти пешакӣ ва ҳамкории электронӣ оид ба молҳои транзитӣ, инчунин молҳо ва воситаҳои нақлиёте, ки аз ҷониби шахсони воқеӣ барои мақсадҳои ғайритиҷоратӣ интиқол меёбанд, зоҳир гардид. Татбиқи ин тадбирҳо ба содагардонии расмиёти гумрукӣ, коҳиш додани вақти барасмиятдарорӣ ва баланд бардоштани шаффофияти равандҳо мусоидат мекунад.

Дар натиҷаи вохӯрӣ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки гурӯҳи кории муштарак таъсис дода шуда, ҳамкории электронӣ, табодули маълумот ва ҳамоҳангсозии фаврӣ байни сохторҳои масъул тақвият дода шавад.

Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки мувофиқаҳои бадастомада ба таҳкими муколамаи созанда, боло бурдани сатҳи эътимоди мутақобил ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкории гумрукӣ ба манфиати ҳарду давлат мусоидат хоҳанд кард.

 АКС: Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 18, 2026 16:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд