Дар Лондон мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Британияи Кабир баргузор шуд

Февраль 28, 2026 09:30

ДУШАНБЕ, 28.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Лондон мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ, иттиҳод ва рушди Британияи Кабир Иветт Куппер баргузор гардид.Дар ин хусус  ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи робитаи дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, маориф, амният, фарҳанг ва муҳоҷират,  инчунин ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд.

Изҳор гардид, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҷалби сармояи Британияи Кабир ба бахшҳои саноати кӯҳӣ, дорусозӣ, кишоварзӣ ва соҳаи илму маориф зарфиятҳои истифоданашуда вуҷуд доранд.

Ҳамзамон  таъкид гардид, ки содда гардонидани раванди гирифтани раводид ба рушди робитаҳои тиҷоратӣ, афзоиши сайёҳон мусоидат намуда, баҳри таъсиси хатсайрҳои мустақим  байни шаҳрҳои  Душанбе ва Лондон заминаҳои мусоидро фароҳам хоҳад овард.

Пас аз анҷоми вохӯрӣ маросими имзои Ёддоштҳои тафоҳум дар соҳаҳои маориф ва маъдан баргузор шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 28, 2026 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд
Ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамотҳои гумруки давлатҳои иштирокдори ИДМ баргузор гардид