Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДУШАНБЕ, 26.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар минтақаи Ховарони шаҳри Душанбе дар беш аз 7 гектар боғи себу олу ва ангур бо ду ҳавзи захираи об бунёд мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Боғ аз ҷониби Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд карда мешавад. 25 феврал дар ин минтақа бо иштироки Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ва роҳбарони корхонаву муассисаҳои сохтории Кумитаи давлатӣ машварат доир гардид.
Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода гуфт, ки ҳадафи машварат дуруст ва бо риояи қатъии агротехникӣ шинонидани ниҳолҳо, бунёди боғи сабзу хуррам ва таъмини нашъунамои он буда, ба ин васила дар ободу зебо ва сабзу хуррамгардонии шаҳри Душанбе саҳм гузошта мешавад.
Аз ҷониби директори Институти давлатии лоиҳакашии заминсозии «Тоҷикзаминсоз» тарзи кишту парвариши ниҳолҳо дар ин минтақа ба таври муфассал шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Иброз гардид, ки мутахассисони институт аз ин замин намунаҳо гирифта, таркиби муқаддамотии онро муайян намудаанд. Ташхиси хокшиносӣ марҳилаи муҳими оғози киштукор буда, ба ин масъала бояд таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» мавриди амал қарор дорад. Яке аз ҳадафҳои асосии барнома- ин нигоҳдории вазъи муътадили ҳавои атмосфера ва тавозуни табиии устувор, инчунин танзими асосҳои экологӣ, иқтисодӣ ва идоракунии самарабахши сабзазоркунӣ ва васеъ намудани майдони он мебошад.
Дар барнома ҳамчунин риояи талаботи агротехникии ниҳолшинонӣ ҳангоми пешбурди корҳои сабзазоркунӣ, таъмини сабзиши ниҳолҳо ва баланд бардоштани донишу таҷрибаи мутахассисон дар самти хуррамгардонӣ махсус иброз шудааст.
АКС: Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон








БАРНОМАИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар мавзеи баландкӯҳи Вору зиёда аз 12 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар Мурғоб беш аз 3 ҳазор бех ниҳоли дарахтони сояафкан шинонида шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд






