Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳамоиш доир гардид
ДУШАНБЕ, 21.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Восеъ оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бо иштироки фаъолони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон хабар доданд.
Зимни ҳамоиш муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз намуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар марҳилаи барои халқи Тоҷикистон ниҳоят муҳим ва таърихӣ — давраи омодагиҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ пешниҳод гардид. Он ҳамчун санади стратегӣ самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ, рушди иқтисоди миллӣ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардумро мушаххас менамояд.
Муовини Раиси вилояти Хатлон Абдулло Раҳмонзода изҳор дошт, ки Пешвои миллат ба масъалаи тарбияи насли наврас ва ҷавонон таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Тарбияи кӯдакону наврасон дар руҳияи арзишҳои миллӣ ва башарӣ, дӯст доштани Ватан, худшиносиву худогоҳии миллӣ, инчунин ташаккули шахсияти дорои ахлоқи ҳамида, масъулиятшинос ва созанда вазифаи муҳими давлат, ҷомеа ва оила арзёбӣ гардид. Иброз шуд, ки тавассути паёмҳо ва суханрониҳои ҳамасола ҷомеа ба татбиқи ҳадафҳои стратегӣ ва бунёди ҷомеаи мутамаддин роҳнамоӣ карда мешавад.
Ҳамзамон бо иштироки фаъолони ҳизб бахшида ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қисми ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар ноҳияи Восеъ чорабинии бошукуҳи сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Таъкид карда шуд, ки Артиши миллии мо воқеан аз сифр, дар заминаи холӣ бунёд гардидааст. Бо вуҷуди ин, бо иродаи қавии Роҳбари давлат ва ҳисси баланди масъулиятшиносии фарзандони ватандӯст пояҳои Артиши миллӣ тадриҷан устувор карда шуданд.
Ҳамзамон аъзои ҳизб бо Осорхонаи Ҳулбук, ки яке аз марказҳои муҳими фарҳангиву маънавии минтақа ба шумор рафта, дар муаррифии тамаддуни бостонии халқи тоҷик нақши арзанда дорад, шинос гардиданд.
Таъкид гардид, ки ҳифзу муаррифии мероси таърихӣ омили муҳими таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ ба ҳисоб меравад. Зимни суҳбат бо кормандони осорхона масъалаҳои ҷалби бештари ҷавонон ба омӯзиши таърихи миллӣ, рушди сайёҳии дохиливу хориҷӣ ва тақвияти корҳои тарғиботиву маърифатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар вохӯрии аъзои ҳизб бо собиқадорони ноҳия нақши арзишманди собиқадорон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ, тарбияи насли ҷавон дар руҳияи худшиносию худогоҳии миллӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа таъкид карда шуд.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон








Ба сокинони Ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсуми ноҳияи Рашт Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
МАОРИФ — ОМИЛИ КАЛИДИИ РУШДИ УСТУВОРИ ҶОМЕА. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Раҳмон Исломиддин: «Таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ омили асосии пойдории давлат ва рушди ҷомеа мебошад»
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тавзеҳ дода шуданд
Ба кормандони Кумитаи идораи замини ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд
Дар Суди Олӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд
ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд






