Дар Тоҷикистон хизматрасонии интернети моҳворавии Starlink расман оғоз гардид

Февраль 13, 2026 15:40

ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Аз 5 феврали соли 2026 фаъолияти расмии интернети моҳворавии Starlink дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, тамоми расмиёти иҷозатномавӣ, техникӣ ва бақайдгирии давлатии таҷҳизоти интернети моҳворавӣ дар ҳудуди мамлакат пурра анҷом дода шуда, бо ин имконияти истифодаи расмии хизматрасониҳои интернети моҳворавӣ барои шаҳрвандон ва ташкилот фароҳам гардид.

Харид ва дастрас намудани таҷҳизот, инчунин шиносоӣ бо шарту талабот ва тарофаҳои хизматрасонӣ мустақиман тавассути сомонаи расмии ширкати Starlink.com амалӣ карда мешавад. Нархи таҷҳизот ва тарофаҳо аз ҷониби ширкат тибқи сиёсати тиҷоратӣ  муайян мегарданд.

Истифодабарандагон метавонанд таҷҳизоти худро мустақилона ба қайд гирифта, фаъол намоянд. Ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳоди маълумоти шахсӣ, аз ҷумла нусхаи шиноснома, силсила ва рақами он, рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами телефон ва маълумоти корти пардохт бо маблағи кофӣ барои пардохти хизматрасонӣ талаб карда мешавад.

Инчунин бо мақсади ба низом даровардани истифодаи таҷҳизоте, ки қаблан бе иҷозат фаъол буданд, Хадамоти алоқа ба истифодабарандагон тавсия медиҳад, ки расмиёти бақайдгирии муқарраргардидаро гузашта, истифодаи таҷҳизотро ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намоянд. Зеро нисбат ба чунин таҷҳизот аз ҷониби ширкат метавонад маҳдудият ё қатъи хизматрасонӣ татбиқ гардад.

Тибқи тартиби муқарраргардида, бақайдгирии истифодабарандагон ва таҷҳизоти Starlink аз ҷониби ширкат анҷом дода шуда, маълумоти зарурӣ дар доираи талаботи қонунгузорӣ ба мақоми ваколатдор пешниҳод мегардад.

Хадамоти алоқа раванди истифода ва фаъолияти хизматрасониро назорат намуда, дастрасии маълумоти заруриро барои мақсадҳои назоратӣ ва танзимӣ таъмин менамояд.

 АКС: Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 13, 2026 15:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд