Дар Тоҷикистон шумораи корхонаҳои парандапарварӣ 10 адад зиёд гардид

Февраль 8, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 08.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи парандапарварӣ яке аз соҳаҳои асосии самти чорводорӣ ба ҳисоб рафта, дар таъмини аҳолӣ бо ғизои сафедадор мавқеи намоён дорад. Соли 2025 дар ҷумҳурӣ шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 10 адад, истеҳсоли тухм 153,7 миллион дона ва гӯшти паранда 3419 тонна зиёд гардид. Дар ин хусус 29 январ Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода зимни нишастӣ матбуотӣ иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки соли 2025 дар ҷумҳурӣ шумораи умумии корхонаҳои парандапарварӣ 232 ададро ташкил намуд. 140 адади он ба вилояти Суғд, 38 адад ба вилояти Хатлон, 54 адад ба шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе рост омада, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024  10 адад зиёд мебошад.

Аз шумораи умумии корхонаҳои мавҷуда 102 адад ба истеҳсоли тухми истеъмолӣ, 116 адад ба истеҳсоли гӯшти паранда, 8 адад ба истеҳсоли тухму гӯшти паранда ва 6 адад ба истеҳсоли тухми инкубатсионию чӯҷаи якрӯза машғул мебошанд.

Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ соли 2025 13,1 миллион сар паранда парвариш ёфта, 1,4 миллиард дона тухм ва 50,8 ҳазор тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст. Яъне, нисбат ба ҳамин давраи соли 2024 саршумори паранда 1,2 миллион сар, истеҳсоли тухм 153,7 миллион дона ва гӯшти паранда 3419 тонна зиёд мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 8, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд