Дар Тотористон бо соҳибкорони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид

Февраль 25, 2026 10:38

ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 23 феврал дар шаҳри Қазони Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарону намояндагони диаспораи тоҷик, соҳибкорон ва ҳамватаноне, ки дар ин мамлакат кору зиндагӣ менамоянд, вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.

Дар мулоқот иброз гардид, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Русия рушд ёфта, мулоқотҳои мунтазами сарони ду давлат барои таҳкими ҳамкории гуногунҷанба заминаи мусоид фароҳам овардаанд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ созишномаҳои зиёди байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба имзо расида, Тоҷикистону Русия ҳамчун шарикони стратегӣ ҳамкориро густариш медиҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 6260 иншоот бунёд гардидааст. Ҳамзамон фазои сармоягузорӣ дар мамлакат тадриҷан беҳтар гардида, заминаҳои ҳуқуқии ҳимоя ва дастгирии соҳибкорону сармоягузорон мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ такмил ёфтаанд. Хизматрасониҳои электронии муосир амалӣ гардида, барои фаъолияти озоду бехатари сармоягузорони ватанию хориҷӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар вохӯрӣ ба масъалаи гаравидани бархе ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ дар шароити муҳоҷират таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Таъкид шуд, ки пешгирии чунин зуҳуроти номатлуб вазифаи муштараки давлат, ҷомеа ва ҳар оила буда, баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ дар байни ҷавонон аҳамияти калидӣ дорад.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон

 

 

Февраль 25, 2026 10:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд