ДИЛ БА ДАСТ ОВАР, КИ ҲАҶҶИ АКБАР АСТ! Анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад
ДУШАНБЕ, 27.02.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, имрӯз дар ҷомеаи мо нафароне ёфт мешаванд, ки ба худнамоӣ ва зоҳирпарастӣ роҳ дода, ду-се маротиба ва ҳатто аз ин ҳам зиёд адои ҳаҷҷу умра менамоянд. Ҳол он ки бо маблағи сафарҳои такрорӣ ба ҳаҷҷу умра ин нафарон метавонистанд ба падару модар, фарзандон, хешу табор ва ҳамсояҳои ниёзманди худ кумак расонида, шароити зисти онҳоро беҳтар гардонанд. Бо ин амалашон савоби бамаротиб бештар гиранд. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
9 марти соли 2024 дар мулоқот бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон намуданд, ки «мо зидди рафтани мардумамон барои адои ҳаҷ нестем, аммо таъкид месозам, ки ин раванд набояд хусусияти таассубу тақлид ва мусобиқаро касб намояд, чунон ки имрӯзҳо дар мо ҳаст. Зеро мо бояд аввал шароити зиндагии худ ва фарзандонамонро беҳтар намоем, аҳволи ҳамсояи чапу ростро пурсем, хешу табори ниёзмандамонро дастгирӣ намоем ва баъд нияти зиёрати хонаи Худо кунем».
«Дини ислом эҳтиром гузоштан ба мақому манзалати падару модарро аз ҷумлаи арзишҳои баланд дониста, хизмат ба онҳоро аз ҳама ибодатҳо боло гузоштааст. Ба ин маънӣ дар ҳадис омадааст, ки некӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷҷу умра мебошад», — таъкид намуданд Роҳбари давлат.
Тавре сардори шуъбаи равобити байналмилалӣ ва ташкили ҳаҷи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим Абдуғаффор Юсуфов дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» иброз дошт, «мутаассифона, солҳои охир дар раванди сафарбарнамоии шарҳвандони мамлакат ба маросими ҳаҷ омилҳои таассубу тақлид зиёд мушоҳида мегардад. Баъзан аз ҷониби ҳамватанони мо талош мешавад, то бо ҳар роҳе набошад, ба сафари ҳаҷ бираванду баъдан онҳоро «ҳоҷӣ» биноманд. Ҳатто ҳолатҳои бо маблағи қарз ба ҳаҷҷу умра рафтани баъзе аз ҳамватанони мо ба мушоҳида расидааст».
«Тибқи мушоҳидаҳо, баъзан яке маблағи бо сад азоб ҷамъоварикардаи фарзанди муҳоҷирашро дар ин роҳ сарф мекарду дигаре ҳатто фарзанди худро зери тозиёнаи таънаву маломат мекашад, ки ту аз писари фалонӣ чӣ камӣ дорӣ, ки бори дуюму сеюм падару модарашро ба ҳаҷ мефиристад»,-афзуд Абдуғаффор Юсуфов.
Тавре Пешвои миллат дар ин маврид изҳор доштанд: «беҳтар кардани шароити зиндагии аҳли оила ва фарзандон амали хайр ва савоб мебошад. Ё ба ҷойи ҳаҷҷу умраи такрорӣ анҷом додани амалҳои дорои садақаи ҷория савоби бамаротиб бештар дорад. Ин нукта дар осори динӣ ва адабии гузаштагони бузургамон садҳо ва ҳазорон бор таъкид шудааст».
Дар мулоқот бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин 9 марти соли 2024 иттилоъ дода шуд, ки дар даврони то соҳибистиқлол шудани кишвар аз 5 миллион аҳолии Тоҷикистон ҳамагӣ 29 нафар маросими ҳаҷро анҷом дода буд. Аммо дар замони соҳибистиқлолӣ, бо вуҷуди он, ки мо дар натиҷаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба мушкилоти сахту сангини иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардидем ва таъсири манфии онро то имрӯз дар ҳаёти худ эҳсос мекунем, раванди ба ҳаҷ рафтани шаҳрвандон тамоюли зиёдшавӣ касб намуд.
Ҳамчунин дар мулоқот гуфта шуд, ки танҳо соли 2023-юм 63 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон маросими ҳаҷ ва умраро адо кардаанд ва маблағи ба ҳисоби миёна харҷнамудаи онҳо ба беш аз 1 миллиарду 200 сомонӣ баробар шудааст. Маблағи барои ҳаҷ сарфкардаи шаҳрвандони мо дар замони соҳибистиқлолӣ қариб 12 миллиард сомониро ташкил додааст, ки дар шароити имрӯза, яъне дар замоне, ки дар аксари кишварҳои ҷаҳон раванди манфии пастравии иқтисодиёт мушоҳида мегардад ва дар қариб 80 кишвари дунё мардум аз нарасидани ғизо ва гуруснагӣ азият мекашанд, барои кишвари мо маблағи хеле калон ба ҳисоб меравад.
Пешвои миллат таъкид намуданд, ки агар маблағи мазкур барои бунёди манзили истиқоматӣ, беҳтар кардани шароити зисту таҳсили фарзандон, таъмини ғизои босифат, сару либос ва ашёи хониш, инчунин, дастгирии ниёзмандон ё корҳои ободонӣ сарф мегардид, шароити зисти чӣ қадар оилаҳо беҳтар мешуд.
Президенти мамлакат изҳори нигаронӣ намуданд, ки бахусус, вақтҳои охир тамоюли зиёд рафтани занон, ҳатто ҳамроҳи худ бурдани кӯдакони хурдсол, ки на қобилияти дарки каломи илоҳиро доранд ва на моҳияти зиёрати хонаи Худоро медонанд, боиси ташвиш мебошад.
Дар мулоқот бо намояндагони фаъоли аҳли ҷомеа, олимон ва ходимони дин ҳамчунин изҳор гардид, ки тайи беш аз сӣ соли соҳибистиқлолии кишварамон ҳазорон нафар соҳибкорону тоҷирон, шахсони саховатпеша ва афроди бонангу номуси ҷомеа сиёсати инсондӯстонаи иҷтимоии давлату Ҳукуматро дастгирӣ карда, бисёр иқдомоти савобу созандаро анҷом доданд. Онҳо то имрӯз ҳазорон мактабу кӯдакистон, беморхонаву бунгоҳҳои тиббӣ, роҳу пулҳо, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ бунёд карда, садҳо ҳазор сокинони мамлакатро бо ҷойи корӣ таъмин намуданд, ҳар сол чор – панҷ маротиба ба оилаҳои ниёзманд ва ятимону маъюбон кумак расониданд ва ҳоло боз бисёр корҳои хайру савобро анҷом дода истодаанд.
«Ана ин аст кори савобу амали хайр, ки боиси ризоияти Худованд мегардад, савобу самараи онҳо ба ҳафт пушти инсон мерасад ва дар номаи аъмоли ҳам худашон ва ҳам гузаштагонашон, ки ин гуна фарзандони солеҳро ба камол расонидаанд, навишта мешавад»,- тазаккур доданд Сарвари давлат.
Раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдуқодирзода дар масъалаи ҳаҷи такрорӣ ва маъракаҳои баъди умра ва ҳаҷ изҳор кард, ки «дар шароити имрӯзаи Тоҷикистон ҳар шахси солимфикр бояд ба он андеша бошад, ки чӣ гуна роҳҳои муносибтари дарёфти хайру савобро пайдо кунад ва агар маблағи ҳаҷи такрорӣ бо мақсади ободонӣ сарф шавад, беҳтарин кору амали савоб хоҳад буд. Дар ивази ҳаҷи такрорӣ ва харҷу сарфи маблағҳои баъди сафари ҳаҷ ва умра садақаи ҷорияро бояд интихоб кард, ки савобаш бардавом аст. Пуле, мактабе, роҳе, масҷиде ё ҳар ҷое, ки мардуми омма аз он истифода мебаранд, савобаш зиёдтар ва давомноктар мебошад».
«Воқеан, ҳар кори нек дар пешгоҳи Худованд савоби даҳчанд дорад. Чунонки дар ояти 160-уми сураи «Анъом» омадааст: «Ҳар касе некие оварад, ӯро даҳчанд (подош) аст»,- тазаккур дод Раиси Шурои уламо.
Дар ин маврид метавон амали сокини деҳаи Хуҷаалии Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт Ҷунайдулло Атоевро мисол овард. Ҷунайдулло Атоев ҳамроҳ бо фарзандонаш бо маблағҳои барои ҳаҷ пасандозкардаашон дар болои дарёи Сорбоғи ноҳия пули мошингузар бунёд намуда, пули одамгузари болои ҳамин дарёро таъмири пурра намуданд.
Хушбахтона, бо ин амали хайри Ҷунайдулло Атоев ва фарзандонаш мушкилии хонандагони деҳаҳои Боғистон, Пингон ва Боғистони поён, ки ба муассисаи таълимии деҳаи Хуҷаалӣ меомаданд, бартараф гардид. Ҳамзамон рафту омади сокинони шаш деҳаи Ҷамоати деҳоти Боқӣ Раҳимзодаи ноҳияи Рашт- Хуҷаалӣ, Кӯҳдоман, Шингилич, Рувоз, Хуҷаалии поён ва Боғистон хеле осон шуд.
Ҷунайдулло Атоев ва фарзандонаш ҳамчунин 80 симчӯби чӯбинро ба симчӯбҳои бетонӣ иваз намуданд, ки бо ин кори хайр садамаҳои пайдарпайи хатҳои ҳавоии неруи барқ бартараф гардид.
Ё мисоли дигар ин амали савоби сокини 80-солаи деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Зарафшони ноҳияи Тоҷикобод Маҳтов Шарипова шуда метавонад. Сокинони деҳаи Гулистон солҳои зиёд ба мушкилии нарасидани оби нӯшокӣ гирифтор буданд. Маҳтов Шарипова 50 ҳазор сомонӣ маблағи барои ҳаҷ пасандозкардаашро барои кашидани хати оби нӯшокӣ дар деҳаашон сарф намуда, дар бартараф гардидани мушкилии сокинони деҳа саҳм гузошт.
Бояд гуфт, ки гарчанде баъзе шаҳрвандони худогоҳ ба нолозиму зиёдатӣ будани баъзе ҷашну маросим боварӣ доранд, аммо зери фишори аъзои хонавода, хешовандон ва маҳалла ҷашну маросимашонро сермасраф баргузор менамоянд. Аз ҷумла, баъзе аз шаҳрвандони мо баъди бозгашт маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умраро, ки хилофи қонун аст, ба анҷом мерасонанд.
Ҳол он ки дар моддаи 13-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ва ё умра дар доираи оила гузаронда мешаванд.
Тибқи ин қонун, ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва маъракаҳои дигар, инчунин тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ аст. Ҳоҷиён ва умракунандагон ба ҷойи маъракаҳои манъшуда метавонанд корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳоро анҷом диҳанд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








«САҲМИ ЗАНОН ДАР РУШДИ ИЛМ». Дар Душанбе конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Касбомӯзӣ метавонад яке аз роҳҳои муассири пешгирии гаравиши наврасону ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгаро бошад
Табибони тоҷик боз як усули нави ҷарроҳиро амалӣ намуданд
Маърузаи навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ба Президенти Тоҷикистон пешниҳод гардид
Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид






