Фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2025 натиҷагирӣ гардид
ДУШАНБЕ, 07.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 6 феврал дар шаҳри Душанбе маҷлиси Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар маҷлис муовинони Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои Раёсати Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, аъзои Фраксияи ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис ва аъзои Комиссияи марказии тафтишотӣ, кормандони масъули Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб, раисони кумитаҳои иҷроия дар шаҳри Душанбе, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан», фаъолони ҳизбӣ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Рӯзномаи маҷлис аз 7 масъала, аз ҷумла ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳои аввалиндараҷаи сохторҳои ҳизбӣ дар марҳилаи минбаъда иборат буд.
Нахуст, мутобиқи рӯзномаи маҷлис гузориши муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Умеда Абдуллозода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар соли 2025 ва вазифаҳо дар марҳилаи минбаъда шунида шуд.
Иброз гардид, ки давоми соли соли 2025 фаъолияти Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва сохторҳои ҳизбӣ бештар хусусияти ташвиқотию тарғиботӣ касб намуда, дар семоҳаи аввали соли 2025 ба ҷамъбасти маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ равона гардид.
Гуфта шуд, ки ташкилоти ҳизбӣ дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи татбиқи барномаҳои фарогири ҳизб барои тарғиби дастовардҳои истиқлолият ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, самту соҳаҳои афзалиятнок ва ҳадафҳои олии стратегии кишвар чорабиниҳои судманду натиҷабахш доир намуданд. Тадбирҳои анҷомдода ба он равона гардид, ки фарҳанги сиёсӣ ва эҳсоси ватандӯстию худшиносӣ байни аҳолӣ таҳкиму тақвият дода шавад.
Таъкид гардид, ки ҳоло дар ҷумҳурӣ 7547 ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ фаъолият намуда, шумораи умумии аъзои ҳизб ба 653 560 нафар расидааст. Соли 2025 66 468 нафар ба сафи ҳизб дохил гардиданд.
Дар музокира доир ба масъалаи якуми рӯзномаи маҷлис муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ ва аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муовини Сарвазири мамлакат Дилрабо Мансурӣ сухан гуфтанд.
Аз рӯи масъалаҳои дуюм ва сеюми рӯзномаи маҷлис қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Дар идома нақшаи чорабиниҳо бахшида ба Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ ба муносибати 35 — солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, таъкид шуд, ки ин санаи муҳим бояд бо дастовардҳои шоиста истиқбол гирифта шавад.
Тақвият бахшидани фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятии сохторҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти қабулу баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон низ яке аз масъалаҳои маҷлис маҳсуб шуда, вобаста ба ин қарори дахлдор қабул карда шуд.
Дар фарҷом муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода иброз дошт, ки ҳизби мо зери роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама самту соҳаҳои муҳимтарини мамлакат нақши намоён ва барҷаста дошта, чун ҳамеша дар ноил гардидан ба дастовардҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии мамлакат саҳм мегузорад.
Таъкид гардид, ки соли 2025 барои аъзои ҳизб аз он ҷиҳат хотирмон аст, ки 17 июли соли 2025 дар бинои маъмурии ҳизб Маҷлиси васеи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иштироки Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид. Аз ҷониби Сарвари давлат барои вусъат бахшидани фаъолияти ташкилоти ҳизбӣ ба хотири истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Дар маҷлис иштирокчиён даъват карда шуданд, ки интизоми кориро қатъиян ва мунтазам риоя намоянд.
АКС: Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ доир мешавад
АНДАР ШИНОХТИ НАВРӮЗ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ дар бораи аҳамияти ин ҷашни бостонӣ
Эмомалӣ Раҳмон: «Соҳиби илму маърифат будан яке аз фазилатҳои бузурги инсонӣ аст»
Эмомалӣ Раҳмон: «Риояи сарфаю сариштакорӣ одоби баргузории ҳар гуна иду маросим мебошад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Иди Фитр, ҷашни Наврӯз ва дигар ойинҳои милливу эътиқодӣ маҳз ба шарофати Истиқлоли давлатӣ эҳё гардиданд»
«ҶАМЪИЯТИ СОЛИМ». Дар Федератсияи Русия форуми соҳаи тандурустӣ доир шуд
НАВРӮЗ — ТАРОНАИ ОҒОЗИ СОЛ. Ойину суннатҳои наврӯзӣ ҳамсони ин ҷашн таърихи куҳан доранд
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид






