ИФРОТГАРОӢ – ХУДСӮЗӢ ВА ХИЁНАТ БА ДАВЛАТ АСТ!

Февраль 25, 2026 10:50

ДУШАНБЕ, 25.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҷомеаи инсонӣ ба дастовардҳои бузурги технологӣ ноил гардида, инсоният дар асри ҷадид фановариҳои бузурге ба даст овардааст. Рушди технология ва фановариҳо натиҷаи зеҳну шуури инсонӣ мебошанд. Аз ин ҷо хулоса намудан зарур аст, ки маҳз ақли солим ва илму дониш метавонад ҷаҳолату бадбахтӣ, хушунату хурофот, қашшоқиву бенавоӣ ва зулму истибдодро аз миён бурда, саодату пешрафти инсонӣ ва зиндагонии шоистаро барои инсоният фароҳам оваранд.

-Дар таърих миллатҳое, ки ба илму дониш рӯ овардаанд, имрӯз ҷузъи миллатҳои тавонманду пешрафта ба ҳисоб рафта, саодати давлату миллати худро таъмин менамоянд ва дар рушди ҷомеа ва тамаддуни инсонӣ саҳми бориз гузошта истодаанд. Саодату хушбахтӣ, пешрафту тараққиётро барои ҳар миллат фарзандони бо нангу номус ва ҷавонони донишманду ихтироъкораш таъмин менамоянд. Ҷавонон бояд илм омӯхта, аз пайи фановариҳои нав ба нав шаванд ва онро  барои давлату миллат, ёру диёр ва ояндаи миллат ба мерос гузоранд. Мутаассифона, бархе ҷавононе ҳастанд, ки фирефтаи ҳавову ҳавас ва ҷоҳу ҷалол гардида, обрӯ ва нуфузи миллату давлати худро дар ҷаҳон паст мекунанд, ки ин гуна ашхосро хиёнаткор меноманд. Ҳанӯз ҳазор сол пеш Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ чунин таъкид намуда буд:

Тавоно бувад, ҳар ки доно бувад,
Ба дониш дили пир барно бувад.

 Новобаста ба афкору таълимоти бузургони илму адаби мо, ки ҳамеша дониш ва хирадро тарғибу ташвиқ намудаву илму фанро асоси пешрафти инсон, давлат ва ҷамъият тавсия намудаанд, имрӯзҳо нафароне ҳастанд, ки бо донишҳои беасос, ваъдаҳои бепоя, туҳмату буҳтони шахсиятҳои алоҳида  зеҳну шуури наврасону ҷавононро бо афкори муғризонаи худ тағйир дода, кӯшиши  ба сафи худ дохил намудани наврасону ҷавонони моро доранд.

Ин ашхос нафароне ҳастанд, ки дар хориҷи кишвар аз номи дину мазҳаб васеъ истифода намуда, худро диндору ботақво, ростгӯ, ростқавл, дилсӯз, адолатҷӯ ва ватандӯст нишон менамоянд ва  аз руҳияи ҷавонону наврасони аз илму дониш ноогоҳ истифода бурда, бо ҳар роҳу восита, хусусан тавассути шабакаҳои интернетӣ талош мекунанд, ки  зеҳни онҳоро мағшӯӣ намоянд то  бар зидди Ватани хеш муносибати ғайриинсонӣ дошта бошанд. Бешубҳа, ин амали ноҷавонмардонаро мо, мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла аҳли эҷоду зиёиён  ба таври қатъиву  куллӣ маҳкум менамоем. Зеро ҳеҷ инсони воқеан диндору ботақво ва аз илмҳои исломӣ бохабар  кори бад анҷом намедиҳад, нисбат ба Ватану миллат хиёнатро раво намебинад, дурӯғгӯӣ, дурӯғпароканӣ, туҳмату буҳтон ва  суханҳои аз меъёрҳои ахлоқи инсони дурро нисбат ба ҳамватанони худ раво набинад. Ин гуна ашхос ба мисли аъзои ҳизбҳои террористӣ  ва даҳҳо нафарони дигар ҳастанд, ки пешрафту тараққиёти давлату ҳукумат, миллат ва сарзамини худро намехоҳанд, аз барои қути лоямуте нисбат ба Ватан, миллат, ҳамватанон туҳмату буҳтон зада, ҷавононро ба роҳи нодуруст ва тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба каҷрафторӣ роҳнамоӣ менамоянд. Онҳо бо истифода аз имконоти маҷозӣ  дар шабакаҳои иҷтимоии ЮТУБ, ФЕЙСБУК, ИНСТАГРАМ, ТИК ТОК ва дигар шабакаҳо, бо ташкили саҳифаҳои бадғаразонаи худ ба чунин корҳо даст мезананд. Ин гурӯҳҳои ифротиву террористӣ бо  ҳаммаслакону ҳамандешонашон   шабакаҳои иҷтимоиро бо ҳадафҳои ғаразноки шахсии худ барои паногоҳ ёфтан дар кишварҳои хориҷӣ ва назди хоҷагони хориҷии худ бо ин мақсадҳо   истифода менамоянд:

1.Ҳамчун дастгоҳи тарғиботии афкори зиддимиллӣ, зиддидавлатӣ, зидди сулҳу субот ва осоиши мардум;

2.Ҳамчун паноҳгоҳи амн барои худ;

3.Ҳамчун дастгоҳи амалӣ намудани ҳадафҳои муғризонаи худ;

4.Мағзшӯӣ намудани насли наврасу ҷавон дар шароити имрӯза;

5.Чун дастгоҳи иртиботӣ бо ҷавонону наврасон;

6.Ҳамчун дастгоҳи тарғиби хушунат, зӯроварӣ, туҳмату буҳтон ва дурӯғпаҳнкунӣ;

7.Ҳамчун дастгоҳи ҷалби ҷавонон бо ҳадафҳои шахсӣ ва гурӯҳии худ истифода намудани истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ;

8.Ҳамчун дастгоҳи тарғиби ҷаҳлу бедонишӣ, хурофотзадагӣ, динзадагии бе поя;

9.Ҳамчун воситаи таъсиррасонӣ ба зеҳну шуури насли наврасу ҷавон;

10.Амалӣ намудани нақшаву барномаҳои тарғиботии хоҷагони хориҷии худ.

Бояд гуфт, ки ин гурӯҳҳои ғаразнок  ҳамчун афроди  тундгаро ободиву осоиши давлату миллати худро намехоҳанд ва пойбанди ваъдаҳои подарҳаво ва муғризонаи хоҷагони хориҷии худ мебошанд, ки бо андешаҳои зиддимиллӣ, зиддидавлатӣ, зиддиҳукуматӣ ва зиддиинсониву зиддиҳуқуқӣ баромад менамоянд.

Маҳз рушди давлатдории миллӣ, демократия, дунявият, эҳёи фарҳангу тамаддуни миллӣ ва бунёди ҷомеаи озоду обод барои ифротгароёну тундгароён чун аъзои ҳизби террористии наҳзати ислом  ва ҳамаслаконашон нохушоянд мебошад, зеро ин худбохтаву ватанфурӯшон бо ақлу амалҳои  ҷаҳолатбори худ намехоҳанд ҷомеаи навину давлати ҷавону тозаистиқлоли моро чунин  ободу пешрафта бинанд.

Душманони таъриху тамаддун, сулҳу дӯстӣ ва ободиву саодати миллати тоҷик ин ҳама дастоварду тараққиёт ва ҷомеаи ободу пешрафтаи халқи тоҷикро чашми дидан надоранд ва мехоҳанд фарзандони ин миллати сарбаланд ба мисли худи онҳо хоину ватанфуруш ва ҷоҳилу террорист бошанд. Аъзои ин ташкилот аз номи дини ислом ва махсусан мазҳаби Ҳанафия баромад намуда, мехоҳанд ҷавононро мисли худ гумроҳу дар ба дару террорист гардонда,  ба сафҳои худ дохил намоянд. Вале  ҷавононони мо набояд фирефтаи ин бадтинатону бадхоҳони давлат ва миллати тоҷик гарданд ва ба номи миллати худ иснод оваранд.

Аъзо ва  намояндагони гурӯҳҳои фаъолияташон дар Тоҷикистон мамнуъ  ва ба онҳо монанд гурӯҳҳое ҳастанд, ки ободию осудагии давлати моро намехоҳанд. Қабул надоранд, то мардум дар муҳити амну бехатар зиндагӣ намоянд. Яъне, чашмашон аз ин ободию пешравиҳо месӯзад. Ҳамвора чунин нафарон мехоҳанд нури сулҳу амният ва сарҷамъии мардуми тоҷикро ба роҳи зулмот бубаранд. Низоъ барангехта, қатлу куштор ташкил карда, хуни одамони бегуноҳ бирезанд. Онҳо, яъне ин гурӯҳҳои бадсиришт  нияти нек надоранд.

Аз ин  хулоса бояд кард, ки гурӯҳҳои мухолифу тундгаро ҳадафашон манфиати худу зарари дигарон аст.

Онҳо пешравию дастоварди Ҳукумати моро дидан намехоҳанд, зеро афкори онҳо ба вайрон сохтани оромию осудагӣ дар мамлакати мо равона аст.

Ҳамин тариқ, ҷавонон на танҳо ҳадафи асосии гурӯҳҳои ифротгаро мебошанд, балки неруи асосии муқовимат бар зидди онҳо низ мебошанд. Аз ин рӯ ҷавонону наврасони мо бояд илм омӯзанд, ҳунар омӯзанд, донишҳои замони худро азбар намоянд. Насли донишмандро ҳеҷ гуна ташкилот, ашхос ва ё идеологияе наметавонад ба сафи худ ҳамроҳ кунад. Барои он ки ҷавонон дар ин мубориза саҳми арзанда гузоранд ва худро ҳимоя кунанд, бояд ба чанд нуктаи калидӣ таваҷҷуҳ намоянд.

Ҷавонон дар мубориза бо ифротгароӣ бояд чӣ кор кунанд?

1.Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ ва динӣ. Аксари ифротгароён аз ноогоҳии ҷавонон истифода мебаранд. Омӯхтани асосҳои дини ҳақиқӣ ( ки сулҳу таҳаммулпазириро тарғиб мекунад) ва донистани қонунҳои кишвар, донишҳои замони худ, ки имкон намедиҳад касе шуморо гумроҳ созад.

2.Рушди тафаккури интиқодӣ. Ҷавонон дар шароити рушди технологияи муосир ба ҳар маълумоте, ки дар интернет мебинанд,  набояд зуд бовар кунанд. Ҳамеша бояд аз худ бипурсанд: “Инро кӣ ва барои чӣ навиштааст?” «Мақсади онҳо ё муаллифи матлаби мақола ё навор ё саҳифа аз чӣ иборат аст?» ва «Оё ин ба ҳақиқат, ба ақлу мантиқ ва воқеият мувофиқ ҳаст ё не?»

3.Ҳушёрӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ. Шабакаҳои иҷтимоӣ имрӯз бо мақсадҳои гуногун истифода мегарданд. Як гурӯҳ ба хотири шуҳрат, гурӯҳи дигар барои хизмат ба мардум, барои паҳн намудани дониш ва иттилоот, сеюмӣ барои таблиғи молу маҳсулот, гурӯҳҳои ифротгаро ва тундгаро ба хотири таблиғи идеяву барномаҳои худ аз он ба таври васеъ истифода менамоянд. Аз ин рӯ, шабакаҳои иҷтимоӣ аз мо фарҳанги дуруст истифода намудан ва фарҳанги баланди муносибат бо шабакаҳои иҷтимоии Интернетро талаб менамоянд. Аз ин рӯ, бояд ин нуқтаҳоро донист:

-ба гурӯҳҳои шубҳанок аъзо нашавед;

-дархости дӯстии ашхоси ношиносро қабул насозед;

-шабакаҳои иҷтимоие, ки ба қавле идеяҳои ҳақгӯӣ, тарғиби идеяҳои динӣ, некиву накӯкорӣ, даъват ба қабули ин гуна афкор мекунанд, ин оғози кор аст. Аз ин рӯ, бо онҳо эҳтиёт бошед, онҳоро таҳлил кунед ва ба чунин гурӯҳҳо асло  аъзо нашавед;

-маводи дорои хусусияти ифротгароӣ ва хушунатро  мақбул ё писанд (“лайк”)  намонед ва “бознашр” (“поделиться”) накунед, шарҳ нанависед, агар кумаки молӣ ё дилхоҳ кумак пурсанд, ҳатман рад намоед. Зеро, ки ҳамрайъӣ, гуфтугӯ ва кумак бо онҳо метавонад оқибат ба ҷиноят табдил ёбад.

Ҷавонон бояд чӣ кор кунанд?

Дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ ва рушди технологияи иттилоотӣ ҷавонони мо бояд ҳарчи бештар ба илмомӯзӣ, касбомӯзӣ, ҳунаромӯзӣ ва касбу коре, ки саодати онҳоро дар оянда таъмин менамоянд, машғул шаванд. Ҳамзамон бояд аз чунин тавсияҳо кор бигиранд:

-Иштироки фаъол дар корҳои ҷамъиятӣ. Ҷавонон бояд дар чорабиниҳои варзишӣ, фарҳангӣ ва илмӣ фаъол бошанд. Вақте, ки инсон ба корҳои муфид машғул аст ва дар ҷомеа ҷойи худро дорад, дар ӯ барои идеяҳои пуч ва харобкор вақт ва майл намемонад.

-Ҳамкорӣ ва иттилоотонӣ. Агар бинед, ки дӯст ё шиносатон зери таъсири идеяҳои хатарнок мондааст, бетараф набошед. Кӯшиш кунед бо ӯ суҳбат кунед ё ба калонсолон ва мутахассисон хабар диҳед.

Хулоса, тундгароӣ, ифротгароӣ ва терроризм «вабои аср» буда, ҳадафи асосии онҳо нобуд намудани субот, ваҳдат ва ояндаи дурахшони ҷавонон аст. Онҳо аз интернет ҳамчун тӯр барои шикори зеҳнҳои ҷавон ба таври васеъ истифода мебаранд.

Ҳамин тариқ, мубориза бо тундгароӣ, ифротгароӣ танҳо вазифаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки вазифаи ҳар фарди ватандӯст, худшиносу худогоҳ мебошад. Сипари эътимодбахш дар ин роҳ илм, дониш, ҳунар ва ватандӯстӣ мебошад. Ҷавононе, ки соҳиби илму ҳунаранд ва арзишҳои миллии худро эҳтиром мекунанд, ҳеҷ гоҳ ба доми фиреби гурӯҳҳои ифротӣ намеафтанд.

Ҷавонони мо, пеш аз ҳама, бояд дар муносибат бо шабакаҳои интернетӣ фарҳанги истифодаи онро риоя намуда, ба қадри сулҳу суботи сиёсӣ, пешрафту тараққиёти давлат, рушду инкишофи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ расида, обрӯ ва нуфузи давлату миллати тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардоранд. Онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ бояд ҳаргиз фирефтаи хоинону худбохтагон нагарданд.

К. АЗИЗОВ,
омӯзгор

Февраль 25, 2026 10:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
Қувваҳои Мусаллаҳ — сипари боэътимоди давлату миллат ва ҳифзи амнияту субот
ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Он на танҳо сохтори низомӣ, балки рамзи мавҷудияту бақои давлат аст
23 ФЕВРАЛ — РӮЗИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Артиши миллӣ 33 сол боз амнияту оромии давлат ва ҷомеаро ҳифз менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Башаклдарории дарахтони донакдор моҳи феврал гузаронида мешавад
Нақши Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии ҷаҳони муосир муассир аст
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
АРТИШИ МИЛЛӢ — СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТДОРӢ ВА РАМЗИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ТОҶИКОН. Эҳдо ба 33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
21 ФЕВРАЛ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ МОДАРӢ. Тоҷикистон баробарҳуқуқии забонҳоро эътироф менамояд
Артиши миллии Тоҷикистон неруи пояндаи давлату миллат мебошад
Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар таъмини амну суботи ҷомеа нақши калидӣ доранд
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост