НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби бақияи қарзи андозҳо беш аз 2 миллиард сомонӣ ворид карда шуд
ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба ҳолати 1 январи соли 2026 бақияи қарзи андозҳо дар миқёси ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 1 миллиарду 91,7 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2025 ба маблағи 351,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад. Дар ин хусус имрӯз Раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бо мақсади тибқи тартиби муқарраршуда рӯёнидани маблағи бақияи қарзи андозҳо ва пешгирӣ аз зиёдшавии он аз тарафи мақомоти андоз нисбат ба андозсупорандагони қарздор 16,5 ҳазор қарор оид ба маҷбуран ситонидани андозҳо ба маблағи 1 миллиарду 914,3 миллион сомонӣ қабул гардид. Аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби қарорҳои соли 2024 қабулшуда дар маҷмуъ ба буҷет 2 миллиарду 16,4 миллион сомонӣ ворид карда шуд.
Нусратулло Давлатзода таъкид намуд, ки новобаста аз фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ва содаву мусоид намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ баъзе субъектҳои хоҷагидор ҳоло ҳам ба қонунвайронкуниҳо роҳ медиҳанд.
Соли 2025 23,7 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ, асосан вобаста ба масъалаҳои бе қайд дар мақомоти андоз машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, риоя накардани муҳлати пешниҳоди эъломияҳои андозӣ, риоя накардани тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ ва рамзгузории электронии молҳо, сари вақт бо мақомоти андоз тартиб надодани санади муқоисавӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд. Нисбат ба онҳо ба маблағи умумии 115 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби ҷаримаҳои солҳои қабл татбиқшуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 100 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд






