НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 1469 иншооти ҷашнӣ бунёд гардид
ДУШАНБЕ, 14.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба ҳолати 1 январи соли равон 1469 иншоот ба маблағи 5,2 миллирад сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки 108 фоизи иҷрои бандҳои нақшаи пешбинишударо ташкил медиҳад. Дар ин хусус 13 феврал Раиси вилоят Алишер Мирзонабот зимни нишасти матбуотӣ ба намояндагони воситаҳои ахбори омма хабар дод.
Иброз гардид, ки соли 2025 дар доираи ташрифи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят 140 иншоот ба истифода дода шуд. Аз ин шумора 53 адади онро корхонаҳои саноатӣ ташкил медиҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар ин давра иншооти муҳими стратегӣ, аз қабили қисмати бузурги қитъаи 93-километраи шоҳроҳи Душанбе–Дарвоз–Кулма аз маркази ноҳияи Дарвоз то даромадгоҳи ноҳияи Рӯшон, қисмати шоҳроҳ бо купрӯки 82-метра ва долони зиддитармавии 550-метра дар мавзеи Барсеми ноҳияи Шуғнон, пули мошингузари 200-метра дар шаҳри Хоруғ, Нерӯгоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа, силсилаи нерӯгоҳҳои барқи обии хурд дар ноҳияҳои Рӯшон ва Дарвоз, ҳамчунин нерӯгоҳи барқи офтобӣ дар ноҳияи Мурғоб бунёд ва мавриди истифода қарор дода шудаанд.
Дар маҷмӯъ аз ҳамаи манбаҳо ба иқтисоди вилоят зиёда аз 4,2 миллирад сомонӣ ворид гардида, маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ ба 3 миллиарду 18 миллион сомонӣ расид, ки нисбати соли 2024 516 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






