НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳ ворид гардид

Февраль 5, 2026 11:00

ДУШАНБЕ, 05.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 ба Тоҷикистон 1 миллиону 784,4 ҳазор сайёҳ ворид гардид. Аз ин шумора 1 миллиону 634,5 ҳазор нафар ба давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва 149,9 ҳазор нафар ба давлатҳои хориҷи дур рост меояд. Дар ин хусус Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумахонзода 5 феврал зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки соли 2025 шумораи умумии шаҳрвандони хориҷие, ки бо назардошти тамоми намудҳои сафар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд,  2 миллиону 104,7 ҳазор нафарро ташкил дод.

Ҷамшед Ҷумахонзода иброз дошт, ки сайёҳон асосан ба Тоҷикистон бо мақсади шиносоӣ бо таърих, фарҳанг ва табиати зебои ин сарзамин омада, ба  сайёҳии кӯҳнавардӣ низ диққати махсус зоҳир менамоянд.

«Таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, ки яке аз воситаҳои муҳими тарғиби иқтидори сайёҳӣ- ин иштирок дар намоишгоҳҳои байналмилалии соҳавӣ ва кашфи бозорҳои нав мебошад. Дар ин замина соли 2025 намояндагони соҳаи сайёҳии ҷумҳурӣ дар намоишгоҳҳо ва чорабиниҳои байналмилалии сайёҳӣ дар давлатҳои Олмон, Русия, Узбекистон, Чин, Эрон, Покистон, Италия, Филиппин, Озарбойҷон, Қирғизистон, Финландия, Британияи Кабир, Швейтсария ва Қатар иштирок намуданд»,-изҳор дошт раиси Кумитаи рушди  сайёҳӣ.

Дар ҷараёни нишаст иттилоъ дода шуд, ки кумита дар заминаи имтиёзҳои пешниҳоднамудаи Ҳукумати мамлакат ва дар доираи татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ якҷо бо вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, соҳибкорон ва сокинони мамлакат барои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, омода намудани кадрҳои баландихтисос, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, рушд додани сайёҳии экологию табобатӣ ва кӯҳнавардӣ, зиёд намудани номгӯйи хизматрасониҳои сайёҳӣ, боло бурдани мавқеи байналмилалии давлат дар раддабандиҳои ҷаҳонӣ ва ташаккули бренди миллии сайёҳӣ тадбирҳои амалӣ меандешад.

Соли 2025 дар Тоҷикистон 367 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба соли 2024  20 адад зиёд мебошад. Инҳо 225 меҳмонхона, 61 модел ва хостел, 56 осоишгоҳ, 4 лагери солимгардонӣ, 6 маркази муолиҷавӣ, 10 хонаи истироҳатӣ, 1 пансионат ва 4 базаи сайёҳӣ мебошанд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»,

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 5, 2026 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Иқтидорҳои сайёҳии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии «World Travel Market — 2026» дар шаҳри Лондон муаррифӣ мешаванд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд