ПАЁМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛӢ. Онҳо дар рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд

Февраль 1, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 01.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», ки ҳамасола дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегарданд, дастури роҳнамо, ҳуҷҷати сарнавиштсоз, санаде бо далел ва арқоми аниқу дақиқ, китоби панду ҳикмат, асари мукаммали илмӣ ва санади сиёсиву ҳуқуқиеанд, ки аз фазилату сиёсати хирадмандона ва корозмудагиву маҳорати волои сарварии сиёсатмадори сатҳи байналмилалӣ, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд.

— Дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои муҳимтарини ҳаёти ҳуқуқӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат матраҳ мегарданд. Махсусан, дар паёмҳои Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаҳои рушди неруи инсонӣ баррасӣ ва ҳал мегарданд.

Қобили тазаккур аст, ки тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ва қонунгузории миллӣ, ҳар инсон ҳуқуқ ба рушд дорад. Ин аст, ки бо қатъномаи  Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид аз 4 декабри соли 1986 Эъломия дар бораи ҳуқуқ ба рушд қабул гардид. Он аз муқаддима ва 10 модда иборат мебошад. Дар моддаи 1-и он омадааст, ки ҳуқуқ ба рушд ҳуқуқи ҷудонопазири инсон мебошад. Тибқи ин ҳуқуқ, ҳар инсон ва ҳамаи халқҳо ҳақ доранд дар рушд иштирок намоянд, ба он саҳм гузоранд ва аз натиҷаҳои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ бархурдор гарданд.

Дар қонунгузории миллӣ низ ҳуқуқ ба рушд кафолат дода шудааст. Чунончи, дар қисми сеюми моддаи 1 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст, ки Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳар инсон шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро фароҳам меорад. Ҳамчунин ҳуқуқ ба рушд дар дигар моддаҳои Конститутсия низ муқаррар шудааст. Ҳуқуқ ба меҳнат (моддаи 35), ҳуқуқ ба манзил (моддаи 36), ҳуқуқ ба истироҳат (моддаи 37), ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ (моддаи 38), ҳуқуқ ба таъминоти иҷтимоӣ (моддаи 39), ҳуқуқ ба иштирок дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа (моддаи 40), ҳуқуқ ба таҳсил (моддаи 41) аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ин ҳуқуқҳо аз ҷумлаи ҳуқуқҳоеанд, ки дар рушди неруи инсонӣ мусоидат менамоянд.

Бо мақсади рушди неруи инсонӣ ин ҳуқуқҳо пайваста дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ матраҳ ва ҳал мегарданд. Дар доираи мавзуи мавриди назар масоили ҳуқуқ ба таҳсил ва илму маориф ҳамчун омилҳои асосии рушди неруи инсонӣ таҳлил ва баррасӣ мешаванд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва ин соҳаҳо ҳамчун соҳаҳои муҳиму сарнавиштсоз ва афзалиятноки сиёсати иҷтимоии мамлакат эътироф шудаанд.

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 23 январи соли 2015 барҳақ иброз доштанд, ки «дастгирии соҳаи маориф ва баланд бардоштани мақоми омӯзгор, дар навбати аввал, аз он ҷиҳат муҳим мебошад, ки аҳли маориф дар рушди неруи инсонӣ саҳми бевосита дошта, яке аз қувваҳои пешбаранда ва фаъоли ҷомеаи имрӯза ба шумор меравад ва гузашта аз ин, пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат ба сатҳи рушди маориф вобастагии мустақим дорад».

Президенти Тоҷикистон дар паёмҳо ба Маҷлиси Олӣ қишрҳои гуногуни ҷомеаи мамлакат, алалхусус наврасону ҷавононро пайваста ба китобхониву донишандӯзӣ ва забономӯзӣ, интихоби касбу ҳунарҳои муосир, донистани техникаву технологияи навтарин, бархурдор гардидан аз дастовардҳои илму фарҳанги ҷаҳонӣ, ватандӯстиву миллатдӯстӣ ва худшиносиву худогоҳии миллӣ даъват ва ҳидоят менамоянд.

Чунончи, Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 26 декабри соли 2019 ба хотири боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас пешниҳод намуданд, ки солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон карда шаванд.

Барои амалӣ намудани ин пешниҳод Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон намудани солҳои 2020-2040 аз 31 январи соли 2020 ба тасвиб расид. Ҳадаф аз он тақвият бахшидани раванди омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин тавсеаи тафаккури техникии наврасону ҷавонон мебошад.

Ҳамчунин Президенти Тоҷикистон дар ин Паём ба Маҷлиси Олӣ бо мақсади  баланд бардоштани сатҳи дониш ва маърифатнокии ҷомеа масъалаи ҳамасола баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ба он ҷалб намудани доираи ҳарчи васеътари ҷомеа ва ҳавасмандгардонии ғолибонро махсус таъкид намуданд. Илова бар ин, пешниҳод гардид, ки таҳти сарпарастии Президенти мамлакат Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» ҳар сол баргузор карда шавад.

Ҳамин тавр, шуруъ аз соли 2020 ҳар сол дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ дар мамлакат озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Илм-фурӯғи маърифат» ва «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор мегарданд. Чунин иқдом хеле муҳим буда, махсусан ба дарёфти наврасону ҷавонони боистеъдоду лаёқатманд ва соҳибмаърифату донишманд мусоидат менамоянд.

Ба гунаи мисол метавон маҳз озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро ёдовар шуд. Чунончи, 2 январи соли 2025 Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузор кардани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025» қабул ва Низомномаи он тасдиқ гардид.

Дар Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2025 мукофотпулӣ барои ғолибони озмун ду баробар зиёд гардида, маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 6 миллиону 670 ҳазор сомониро ташкил дод. Ҳамчунин тибқи талаботи озмун хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил менамоянд, дар сурати дар даври ҷумҳуриявии озмун сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё Шоҳҷоиза гардидан, ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд.

Ҳамин тариқ, соли 2025 Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» байни қишрҳои мухталифи ҷомеа баргузор гардида, 4 декабри соли 2025 маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон доир шуд. Тибқи натиҷаҳо, 45 нафар барои ҷойи сеюм ҳар кадом 40 ҳазор сомонӣ, 30 нафар барои ҷойи дуюм ҳар кадом 50 ҳазор сомонӣ, 15 нафар барои ҷойи якум ҳар кадом 70 ҳазор сомонӣ ва 4 нафар соҳиби Шоҳҷоиза ҳар кадом 140 ҳазор сомонӣ мукофотонида шуданд.

Инчунин ба 58 омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, ки шогирдонашон дар ин озмун ҷойҳои 1, 2, 3 ва Шоҳҷоиза гирифтанд, ба ҳар кадом 20 ҳазор сомонӣ мукофотпулӣ дода шуд.

Баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз 3 ҷиҳат муҳиму манфиатовар арзёбӣ мегардад:

  1. Иштирокчиёни озмун ғизои маънавӣ гирифта, соҳибмаърифат мешаванд.
  2. Онҳо дар мавриди ғолиб омадан соҳиби маблағҳои пулӣ мешаванд.
  3. Ҳамчунин дар байни ҷомеа соҳибэҳтирому иззатманд мегарданд.

Бо мақсади иҷрои паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар соли 2026», «Дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» дар соли 2026» ва «Дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026» аз 1 январи соли 2026 қабул гардиданд.

Чунончи, боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён соли 2026 ба Низомномаи озмун тағйирот ворид гардида, хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидои касбӣ аз 2 гурӯҳ ба 3 гурӯҳи синнусолӣ ҷудо карда шуданд. Ҳамин тариқ, соли равон озмун дар байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 1-4), хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 5-8) ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфҳои 9-11) ва ибтидоии касбӣ баргузор мегардад.

Илова бар ин, маблағи умумӣ барои баргузорӣ ва қадршиносии ғолибони озмун 8 миллиону 290 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Ин нисбат ба соли 2025, ки барои баргузории озмун 6 миллиону 670 ҳазор сомонӣ ҷудо гардида буд, 1 миллиону 620 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.

Зимнан, бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонии кӯдакон, тақвияти неруи зеҳнӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ ва дар замири онҳо боло бурдани эҳсоси худогоҳиву худшиносии миллӣ пешниҳод мегардад, ки минбаъд дар Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» тарбиягирандагон ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ низ ҷойгир карда шаванд. Дар мавриди иштирок намудани ин қишри ҷомеа дар ин озмун онҳо таҷриба мегиранд ва ҳангоми хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ гардидан, метавонанд дар озмунҳо бо шавқи зиёд ва омодагии хубтар иштирок намоянд.

Қобили тазаккур аст, ки дар баланд бардоштани маърифатнокии наврасону ҷавонон, таълиму тарбия ва омода намудани онҳо ба озмунҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ ва дигар озмунҳо нақши омӯзгор бағоят бузург аст. Президенти Тоҷикистон  дар Паём ба Маҷлиси Олӣ аз 20 январи соли 2016 барҳақ тазаккур доданд, ки «… ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад».

Аз ин лиҳоз, дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ масъалаи баланд бардоштани мақоми омӯзгорон дар ҷомеа ва вазъи иҷтимоии онҳо пайваста таъкид мешаванд. Масалан, дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 аз ҷумла таъкид шуд, ки бояд ба масъалаи тақвияти мақоми омӯзгор дар ҷомеа эътибори аввалиндараҷа зоҳир гардад.

Бинобар ин, бо мақсади баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа соли 2025 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми омӯзгор» аз тарафи парлумон қабулу ҷонибдорӣ шуда, 17 декабри соли 2025 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расид. Ин қонун аз муқаддима, 6 боб ва 16 модда иборат буда, он мақом, ҳифзи ҳуқуқ, кафолатҳои иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои самараноки уҳдадориҳои омӯзгорро танзим менамояд.

Моддаи 9 ин қонун масъалаҳои ҳавасмандгардонии омӯзгорро танзим намудааст. Тибқи он омӯзгорон бо чунин ҳавасмандгардониҳо фаро гирифта хоҳанд шуд:

  1. Омӯзгорон бо мукофотҳои давлатӣ ва соҳавӣ сарфароз гардонида мешаванд.
  2. Ба музди меҳнати омӯзгороне, ки дорандаи дараҷа ва унвонҳои илмӣ мебошанд, дар муассисаҳои таълимӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иловапулӣ ба андозаи 30 дарсади маоши вазифавӣ дода мешавад.
  3. Ба омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти миёна, ки шогирдонашон дар олимпиада ва озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ҷойҳои якум, дуюм ва сеюмро мегиранд, иловапулӣ ба андозаи 20 дарсади музди меҳнати амалкунандаашон дар давоми як соли таҳсили минбаъда пардохт карда мешавад.
  4. Ба омӯзгор ҳамасола барои пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ ба андозаи як нишондиҳанда барои ҳисобҳо маблағ пардохт карда мешавад.
  5. Ба омӯзгор намудҳои дигари ҳавасмандгардонӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, пешниҳод карда мешаванд.

Албатта, андешидани чунин тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ нисбат ба тарбиятгарони наслҳои ояндасози миллат муҳим буда, ба беҳтар гардидани вазъи иҷтимоии омӯзгорон, инчунин дар болоравии сатҳу сифати дониши хонандагон ва тарбияи шоистаи онҳо мусоидат хоҳад намуд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 низ масъалаҳои илму маориф дар меҳвари таваҷҷуҳ қарор доштанд. Дар ин робита, Сарвари давлат чунин таъкид ба амал оварданд: «Ман аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ба ҳайси Роҳбари давлат то имрӯз дастгирӣ ва рушди илму маорифро самти афзалиятнок эълон карда, дар тӯли беш аз се даҳсола ба ин соҳаҳои ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи аввалиндараҷа ва доимӣ зоҳир менамоям. Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат, ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад. Ба ибораи дигар, ман дастгирӣ ва таваҷҷуҳ ба ин соҳаҳои муҳиму тақдирсозро сармоягузорӣ ба ояндаи дурахшони миллат ва бақои давлат мешуморам».

Бинобар ин, Президенти ҷумҳурӣ иброз доштанд, ки  Ҳукумати мамлакат маблағгузории ин соҳаҳои калидиро мунтазам зиёд менамояд ва ҳар сол ҳаҷми умумии он беш аз 21 фоизи хароҷоти буҷети давлатиро ташкил медиҳад. Барои соҳаи маориф дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллиард сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбат ба даҳ соли қабл, яъне соли 2015 панҷуним баробар зиёд мебошад.

Дар воқеъ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун сарвари оқилу хирадманд ва илмдӯсту маорифпарвар ба соҳаҳои илму маориф таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, маблағгузории ин соҳаҳои муҳимро мунтазам зиёд менамоянд. Чунончи, дар заминаи паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» солҳои 2022, 2023, 2024 ва 2025 дар мамлакат маоши вазифавии кормандони соҳаҳои буҷетӣ, бахусус, соҳаҳои илму маориф, маҷмуъан, ба андозаи 100 фоиз зиёд гардид.

Илова бар ин, Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 бо назардошти имконияти имрӯзаи иқтисодӣ ва зарурати боз ҳам беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ супориш доданд, ки аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони муассисаҳои маориф, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ ва миёнаи умумӣ 25 фоиз, дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ, инчунин стипендияҳо 20 фоиз зиёд карда шаванд. Амалишавии иқдоми навбатӣ барои беҳтар шудани сатҳи зисту зиндагии кормандони соҳаҳои илму маориф, ҳамчунин хонандагони стипендиягиранда мусоидат менамояд.

Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешниҳод намуданд, ки соли 2026 Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ эълон карда шавад. Дар натиҷа, як рӯз пас аз пешниҳоди  Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 17 декабри соли 2025 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» эълон намудани соли 2026» қабул гардид. Қабули ин фармон дар баробари вусъат ёфтани корҳои ободониву созандагӣ дар мамлакат, ҳамчунин эҳсоси худшиносиву худогоҳии миллиро тақвияту таҳким бахшида, дар умум, боиси боз ҳам баланд шудани сатҳи маърифатнокии ҷомеа хоҳад гардид.

Зимнан, дар тавзеҳот ба ин фармон иброз шудааст, ки баланд бардоштани сатҳи донишу маърифат, тақвияти ҳисси худогоҳиву худшиносии ҳар сокини ҷумҳурӣ вазифаи муҳими рӯз ба ҳисоб рафта, татбиқи корҳои амалии назаррасро тақозо менамояд.

Ҳамин тавр, метавон хулоса баровард, ки паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» дар рушду пешрафти соҳаҳои илму маориф, баланд бардоштани мақоми омӯзгор дар ҷомеа, тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ, ташаккули ватандӯстии шаҳрвандон, маърифатнокии ҷомеа ва дар маҷмуъ, рушди неруи инсонӣ нақши муассир доранд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,
сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсии
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба
ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон,
номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ

Февраль 1, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ёдгориҳои Хутали Қадим таъриху фарҳанги бостонии миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамояд
Мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — намунаи барҷастаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон
САДА — ҶАШНИ БОСТОНИИ МАРДУМИ ТОҶИК. Нуру гармӣ ҷавҳар ва рамзу асли зиндагиофарии ин ид мебошанд
«ЗАРДИИ РӮЯМРО БИГИР, СУРХИИ РӮЯТРО БИДЕҲ». Ҷашни Сада таҷассуми одатҳои неки башардӯстона мебошад
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд оид ба нуктаҳои Паёми Президенти Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАРГАР. Мардуми тоҷик давоми ҳазорсолаҳо бо санъати заргарии худ шуҳрат пайдо кардааст.
Паёми Президенти Тоҷикистон — роҳнамои рушди ҷумҳурӣ дар шароити мураккаби ҷаҳони муосир
САДА — ҶАШНИ СУННАТИИ КИШОВАРЗОН. Он мардумро ба покизагӣ, некандешӣ, ватандӯстӣ ва дӯстию рафоқат ҳидоят менамояд
«ПАЁМ — ОМИЛИ ПЕШРАФТ ВА ШУКУФОӢ». Таҳти ин унвон дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ ҳамоиш доир шуд
НИЗОМИ ҒАЙРИНАҚДӢ. Аз 1 июли соли 2026 истифодаи ҳатмии рамзи ягона барои соҳибкорони инфиродӣ ҷорӣ мегардад
Академик Фарҳод Раҳимӣ: «Ҷашни Сада оинаест, ки дар он таърих, фарҳанг, фалсафа ва ахлоқи мардуми тоҷик таҷассум ёфтааст»
Ба омӯзгорони ноҳияи Рӯдакӣ Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ шарҳу тавзеҳ дода шуд