Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд

Февраль 13, 2026 16:40

ДУШАНБЕ, 13.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи баргузории ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Президенти Қирғизистон паёми самимӣ ва таманниёти неки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.

Таъкид гардид, ки имзову мавриди амал қарор гирифтани Созишнома дар бораи сарҳади давлатӣ ҳамчун дастоварди таърихӣ барои таҳкими дӯстӣ ва эътимоди мутақобил хизмат менамояд.

Зимни мулоқот масъалаҳои рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Иброз гардид, ки ҷонибҳо ба густариши ҳамкорӣ дар заминаи эҳтироми мутақобил ва бо назардошти манфиатҳои ҳамдигар аҳамияти хосса медиҳанд.


Дар идома зарурати муттаҳид намудани талошҳо дар мубориза бо таҳдидҳои фаромиллӣ, аз ҷумла терроризм, ифротгароии динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил таъкид карда шуд.

Ҳамчунин худи ҳамин рӯз мулоқоти Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Девони вазирони Ҷумҳурии Қирғизистон – Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев баргузор гардид.

Қоҳир Расулзода барои пазироии самимона изҳори сипос намуда, таъкид кард, ки баргузории ҷаласаи якуми Шурои байниҳукуматӣ аҳамияти муҳим дошта, ба рушди минбаъдаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои гуногун мусоидат менамояд.

Гуфта шуд, ки таҳкими муносибатҳои ҳамсоягии нек бо Қирғизистон аз авлавияти сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад.


Мусоҳибон ҳалли масъалаҳои сарҳадиро, ки барои рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамсоягии нек байни ду давлат заминаи устувор фароҳам овард, рӯйдоди таърихӣ номиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ба беш аз 30 миллион доллари ИМА расида, нисбат ба соли 2024 қариб 24 маротиба афзоиш ёфтааст.

Ҷонибҳо азми худро доир ба иҷрои дастури сарони ду давлат – то ба 500 миллион доллар расонидани ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ иброз намуданд.

Февраль 13, 2026 16:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо роҳбари ширкати аморотии Tahaluf AI мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи 6-уми Форуми раисони шаҳрҳои Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкати LANXESS Олмон баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон бо раиси иҷроии Муассисаи ташаббуси сармоягузории оянда мулоқот намуд
Дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Умон баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Австрия машваратҳои сиёсӣ баргузор намуданд
Сафири Тоҷикистон дар Кувайт бо роҳбарияти хабаргузории KUNA ҳамкории иттилоотиро баррасӣ кард
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо роҳбарияти «Caspian Energy Club» мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Созмони ҳамкории исломӣ баррасӣ гардид
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатӣ дар умури шаҳрдорӣ ва вазири давлатӣ дар умури маскани Кувайт мулоқот намуд