Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд

Февраль 16, 2026 18:27

ДУШАНБЕ, 16.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. 16 феврал Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро, ки бо сафари расмӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Сарвари давлат дар оғози мулоқот ташрифи Вазири корҳои хориҷии кишвари дӯстро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, таваҷҷуҳи пайвастаи ҷониби Тоҷикистонро ба масъалаҳои таҳкиму тавсеаи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои ҳампаймонии ду кишвар дар рӯҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтирому эътимод ба якдигар таъкид карданд.

Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ермек Кошербаев дар навбати худ аз пазироии гарм изҳори сипос карда, саҳми шоёни Пешвои миллатро дар рушди пайвастаи ҳама ҷанбаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Қазоқистон таъкид кард.

Дар ҷараёни суҳбат ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои гуногун муҳокима шуданд.

Пешвои миллат аз ҷараёни рушди ҳамдастии ду давлат изҳори қаноатмандӣ намуда, аҳаммияти идомаи муколамаи пайвастаи сиёсиро барои такони тоза бахшидан ба робитаҳои ҷонибҳо дар соҳаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, сармоягузорӣ, гуманитариву фарҳангӣ, амният ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳи муштарак зикр карданд. Дар ин зимн, ҷадвали мулоқоту тамосҳои дарпешистодаи ҷонибҳо дар сатҳи олӣ баррасӣ гардид.

Ҳамчунин, мубодилаи афкор доир ба масъалаҳои ҳамкориҳои бисёрҷониба дар чорчӯби сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ сурат гирифт.

Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон 16.02.2026

Февраль 16, 2026 18:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раҳбари Олии Ҷумҳурии Исломии Эрон Оятуллоҳ Сайид Муҷтабо Ҳусейни Хоманаӣ барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сохторҳои Суди Олӣ, Прокуратура ва Вазорати корҳои дохилӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Раиси Девони Вазирони Туркманистон Тангригули Атахаллиевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Бонки Осиёии Рушд Масато Кандаро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Масъуд Пизишкиён барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд