Шарҳи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 11, 2026 17:01

ДУШАНБЕ, 11.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соҳаи варзиш ва варзишгарони касбӣ ҳамеша зери дастгирӣ ва қадршиносии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, заҳматҳо ва дастовардҳои онҳо дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, ки воситаи муаррифии шоистаи миллату давлат дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад, қадрдонӣ мешавад.

Таъсиси Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ нишонаи қадршиносии давлатии варзишгарони бонангу номуси кишвар, ки дар арсаи ҷаҳонӣ барои ҳифзи обрӯи миллат ва баланд бардоштани мақоми давлат заҳмат мекашанд, мебошад.

Ҷоизаи мазкур соли панҷум аст, ки зери сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ғолибон, ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва муррабиёни онҳо тақдим мегардад.

Тибқи амри мазкур ва дар асоси пешниҳоди қарори Комиссияи мукофотпулиҳои Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 67 варзишгар аз рӯйи 8 намуди варзиш, аз ҷумла гӯштини ҷудо, гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-румӣ, бокс, қаиқронӣ, таэквандо (ВТ), самбо ва кикбоксинг бо Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонда мешаванд.

Маблағи умумии ҷоизаҳо 2 040 000 (ду миллиону чил ҳазор) сомониро ташкил дода, барои як варзишгар вобаста ба натиҷаи варзишӣ то 150 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар заминаи қадршиносиҳои мазкур сол то сол натиҷаҳои варзишии варзишгарони кишварамон афзун гардида, ба хазинаи варзишии кишвар дар ин давра 510 медал, аз ин 140 тилло, 166 нуқра ва 204 биринҷӣ ворид гардидааст.

Февраль 11, 2026 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Подшоҳи Шоҳигарии Ҳошимии Урдун Абдуллоҳи II ибни Ал-Ҳусайн мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи «Раванди Ақаба» оид ба масъалаҳои таъмини амният дар соҳаи зеҳни сунъӣ иштирок намуданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсия
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ вориди шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон шуданд
Сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Қазоқистон
Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тағйироти кадрӣ ба амал оварданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд