Соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор тонна зардолуи хушк содирот карда шуд

Февраль 1, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 01.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2025 аз Тоҷикистон ба хориҷи мамлакат 30,9 ҳазор тонна ба маблағи 29,7 миллион доллар зардолуи хушк содирот шудааст,ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 1,3 ҳазор тонна ба маблағи 10,5 миллион доллар зиёд мебошад. Дар ин хусус 30 январ зимни нишасти матбуотии Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Тавзеҳ дода шуд, ки бинобар боло рафтани арзиши зардолуи хушк дар бозорҳои хориҷӣ, сол аз сол содироти он афзоиш ёфта, бо тавсияи Агентии содирот коркарди барзиёди ин маҳсулот аз ҷониби истеҳсолкунандагон ба роҳ монда шуд. Аз нигоҳи иқтисодӣ содироти маҳсулоти хушк барои захира ва нигоҳдорӣ ва баланд арзёбӣ гардидани арзиши он бартарият дорад.

Соли 2025 аз ҷумҳурӣ ба маблағи 46,5 миллион доллар меваи хушк содирот шудааст, ки нисбат ба соли 2024 14,8 миллион доллар ё 46,9 фоиз зиёд мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 1, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд
Сулаймон Зиёзода бо ҷамъоварии ҳосили пахта дар ноҳияи Ҷаббор Расулов шинос шуд
Вазорати нақлиёти Тоҷикистон барои навсозии роҳи «Балҷувон-Сари Хосор» бо ширкати чинӣ қарордод ба имзо расонид
Гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон беш аз 35 фоиз афзоиш ёфтааст
Дар Душанбе ҷалби сармояи мустақими Саудӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад