Таҳкими ҳамкории Тоҷикистон дар сатми рушди соҳибкорӣ бо Амрико, Узбекистон ва Қирғизистон баррасӣ гардид

Февраль 7, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 07.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Форуми B5+1 дар Бишкек Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо намояндаи махсуси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба масъалаҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ Серджио Гор мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳои густариши ҳамкории минбаъда дар самти рушди соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар мулоқот инчунин таҳкими ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар ҳошияи форум Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода бо Вазири саноат ва сармоягузории Убекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд. Ҷонибҳо оид ба дурнамои тавсеаи ҳамкории дуҷониба дар соҳаҳои саноат ва сармоягузорӣ табодули назар намуданд.

Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ҳамзамон бо Директори Агентии сармоягузории назди Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Равшанбек Сабиров, инчунин соҳибкорон ва сармоягузорони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико вохӯриҳо анҷом дод.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Февраль 7, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди СПЕКА иштирок намуд
Файзиддин Қаҳҳорзода бо намояндагони Институти ҷаҳонии рушди сабз ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии СММ вохӯрӣ намуд
Ҷалби сармоя ба соҳаи фармасевтикаи Тоҷикистон бо иштироки сармоягузорони Чин баррасӣ гардид
Тоҷикистон ва Олмон ҳамкории иқтисодию тиҷоратиро густариш медиҳанд
Хуршед Мирзо дар Форуми дуюми Тян-Шон оид ба дастовард ва иқтидори инноватсионии Тоҷикистон маълумот пешниҳод намуд
Дар шаҳри Бӯстон хати нави истеҳсолӣ ва зеристгоҳи барқӣ ифтитоҳ гардид
Ҷаласаи шарҳи маҷмуии лоиҳаҳои сармоягузории давлатии аз ҷониби Бонки Осиёии рушд маблағгузоришаванда доир шуд
Лоиҳаҳои афзалиятноки инфрасохтори нақлиётии Тоҷикистон дар «Paris InfraWeek 2026» муаррифӣ гардиданд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми дуюми Тян-шон оид ба ҳамкории иқтисодӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Левакант ҷамъоварии ҳосили пахта беш аз 100 фоиз таъмин гардид
Ҷараёни иҷрои Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои илм, технология ва инноватсия барои давраи то соли 2030 баррасӣ шуд