ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 10 феврал, сешанбе, 41-умин рӯзи соли 2026 аст
10 феврали соли 2009 дар Белгия Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи иқтисодии Белгия — Люксембург оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳифзи мутақобили сармоягузорӣ ба имзо расид.
***
10 феврали соли 2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд» таъсис дода шуд.
***
10 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи васеи Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази миллии тестӣ аз тобеияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба 25-солагии барқарор гардидани робитаҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Америка ба Президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Доналд Ҷон Трамп барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
Соли 2018 ҳолат ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ гардид.
***
10 феврали соли 2021 дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум пешниҳоди эъломия дар бораи даромад аз ҷониби судя ҳангоми таъйин ба вазифа ҳатмӣ гардид.
10 ФЕВРАЛ:
Рӯзи ҷаҳонии зироати лӯбиёгӣ
***
Дар Русия – Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ.
РӮЙДОДҲО:
10 феврали соли 2010 дар маркази намоишгоҳи «БелЭкспо» -и шаҳри Мински Беларус дар намоиши XVII байналмилалии китоби Минск маҳсулоти Тоҷикистон ба маъраз гузошта шуд.
***
10 феврали соли 2010 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд» таъсис дода шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Маркази миллии тестӣ аз тобеъияти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон бароварда шуда, ба Муассисаи давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табдил дода шуд.
***
10 феврали соли 2017 дар шаҳри Душанбе дар доираи ташрифи ҳайати парлумони Чехия ба Тоҷикистон бизнес-форуми доираи соҳибкорони Тоҷикистону Чехия баргузор гардид.
***
10 феврали соли 1941 Испания ва Олмон дар бораи ҳамкорӣ шартномаи махфӣ ба имзо расониданд.
***
Соли 2006 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин маротиба дар таърих оид ба амнияти кибернетикӣ машқҳои васеъҷанба гузаронида шуданд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 феврал, душанбе, 40-умин рӯзи соли 2026 аст






