ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
19 феврали соли 2007 дар шаҳри Душанбе сомонаи нави Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон www.mfa.tj рӯнамоӣ карда шуд.
***
19 феврали соли 2009 паҳлавони тоҷик Олим Зикаев дар мусобиқаи кушоди XIII Ҷумҳурии Беларус оид ба гӯштини самбо барои дарёфти Ҷоми президенти ин мамлакат дар шаҳри Минск соҳиби медали тилло гардид.
***
19 феврали соли 2010 дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар Шри–Ланка дар доираи Ҷоми даъватии Конфедератсияи футболи Осиё бар дастаи мунтахаби Бангладеш бо ҳисоби 3:1 ғалаба намуд.
***
19 феврали соли 2013 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ Сароҷ Кумар Ҷаро ба ҳузур пазируфтанд.
***
19 феврали соли 2020 дар Душанбе доир ба содагардонии расмиёти савдо Созишномаи дорои аҳамияти минтақавӣ ба имзо расид.
***
19 феврали соли 2021 дар бинои Ҳукумати мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовинони Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ёрдамчиёни Президент ва роҳбарони якчанд вазорату идораҳои давлатӣ машварати корӣ доир намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти вақти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико муҳтарам Ҷозеф Байден ба муносибати 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
***
19 феврали соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат эътимодномаҳои сафирони навтаъйини якчанд кишварҳои хориҷиро қабул намуданд.
19 ФЕВРАЛ:
Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи ҳайвоноти обӣ.
***
Рӯзи ҷаҳонии идоракунии иттилоот.
***
Дар Арманистон- Рӯзи ҳадяи китоб.
***
Дар Туркманистон — Рӯзи парчами давлатӣ.
***
Дар Непал – Рӯзи Конститутсия.
***
Дар Канада – Рӯзи оила.
РӮЙДОДҲО:
Дар ин рӯзи соли 1878 ихтироъкори амрикоӣ Томас Эдисон фонограф (аввалин асбоб барои сабт ва аз нав ҳосил кардани садо) – ро ихтироъ намуд.
***
Соли 1974 аввалин маротиба маросими супоридани ҷоизаи мусиқавии амрикоӣ — American Music Award баргузор гардид.
***
19 феврали соли 1921 куҳантарин рӯзномаи Русия — «Труд» («Меҳнат») таъсис дода шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Тӯхта Иброҳимова – сароянда, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи ҶШС Тоҷикистон (1970).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст






