ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 феврал, чоршанбе, 56-умин рӯзи соли 2026 аст
Дар ин рӯзи соли 2013 Раиси шаҳри Душанбе ба шаҳрванди 8- миллионумини Тоҷикистон Сумая хонаи дуҳуҷрагӣ туҳфа намуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2015 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру илова ворид гардид, ки тибқи он ҳамасола 14 октябр дар Тоҷикистон чун Рӯзи соҳибкорон таҷлил мешавад.
***
25 феврали соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди «Боғи 25-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон» дар шаҳри Ҳисор оғози расмӣ бахшиданд.
***
25 феврали соли 2016 Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон» таъсис ёфт.
***
25 феврали соли 2020 ҷаласаи нахустини Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба амалигардонии лоиҳаи «Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак» дар Тоҷикистон баргузор гардид.
***
25 феврали соли 2021 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани андозаи стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин магистрон, аспирантон ва докторантон ба тасвиб расид.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 дар Душанбе бо иштироки Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко ҷаласаи пленарии Форуми VII байнипарламентии «Тоҷикистон-Русия: неруи ҳамкории байниминтақавӣ» доир гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар дод, ки теъдоди ҳалокшудагони заминларзаҳо дар Туркия ба 44 218 нафар расид.
***
25 феврали соли 2025 таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амнияти мамлакат баргузор гардид.
25 ФЕВРАЛ:
Дар Ҷумҳурии Доминикан – Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.
***
Дар Кувайт – Рӯзи миллӣ.
РӮЙДОДҲО:
25 феврали соли 1990 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар тамоми хатсайрҳои дохилӣ кашидани тамоку манъ карда шуд.
***
25 феврали соли 1994 байни Ҷумҳурии Қазоқистон ва Шоҳигарии Камбоҷа муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.
***
25 феврали соли 2013 дар Боку ҷаласаи XVI Шурои роҳбарони агентиҳои давлатии иттилоотии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид. Ба ҳайати Шурои мазкур агентиҳои иттилоотии Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Озарбойҷон, Русия ва Точикистон дохил мебошанд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 феврал, сешанбе, 55-умин рӯзи соли 2026 аст






