ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 феврал, панҷшанбе, 57-умин рӯзи соли 2026 аст
26 феврали соли 1992 Тоҷикистон ба Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ҳамроҳ шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 1995 аввалин маротиба дар Тоҷикистони соҳибистиқлол интихоботи парлумонӣ баргузор гардид.
***
26 феврали соли 2009 дар «Кохи Ваҳдат»-и пойтахт бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 1310-солагии Имоми Аъзам таҳти унвони «Мероси Имоми Аъзам ва фарҳанги миллӣ» конфронси ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.
***
26 феврали соли 2014 дар ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи қарорҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда шуд.
***
26 феврали соли 2016 ташаббусҳои муштараки Тоҷикистон ва Нидерланд муҳокима карда шуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2019 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон вохӯрии чоруми минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии минтақаи Осиёи Марказии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.
***
26 феврали соли 2020 дар Душанбе таҳти раёсати Сарвазири мамлакат ҷаласаи кумитаи тадорукоти Конференсияи дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор гардид.
***
26 феврали соли 2021 Тоҷикистон ва Фаластин масъалаҳои ҳамкории мутақобили судмандро баррасӣ намуданд.
***
26 феврали соли 2022 байни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Финландия муҳтарам Саули Ниинистё ба муносибати 30-солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатии ду давлат мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
***
Дар ин рӯзи соли 2023 АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар дод, ки Агентии миллии илмии Австралия технологияи наве таҳия кардааст, ки метавонад сатҳи шакарро дар шарбати мевагӣ аз се ду ҳисса (66%) коҳиш диҳад. Технологияи нав ба ферментоние асос ёфтааст, ки шакари табиии шарбати меваҳоро ба карбогидратҳои мураккаб табдил дода, ҳамзамон бо ин сатҳи нигоҳдории шакарро коҳиш медиҳад.
26 ФЕВРАЛ:
Рӯзи байналмилалии фориғболӣ.
РӮЙДОДҲО:
Соли 1936 дар Олмон аввалин автомобили «халқӣ»- «Волксваген» истеҳсол карда шуд.
***
26 феврали соли 2017 дар намоишгоҳи техникӣ-коммуникатсионӣ дар Барселона тамғаи навкардашудаи телефони Nokia 3310 ба тамошо гузошта шуд.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Карим Абдулов-соли 1939- иқтисоддон, таърихнигор, доктори илми таърих (1990), профессор (1991). Корманди шоистаи Тоҷикистон (1997).








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 феврал, чоршанбе, 56-умин рӯзи соли 2026 аст






