ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 28 феврал, шанбе, 59-умин рӯзи соли 2026 аст
28 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Покистон оид ба ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ баргузор гардид.
***
28 феврали соли 2017 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷаласаи сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории иқтисодӣ ба шаҳри Исломободи Ҷумҳурии Исломии Покистон сафар намуданд.
***
28 феврали соли 2017 Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишони рамзии мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо зиёиёни эҷодкори мамлакатро интихоб намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2018 дар Душанбе таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Кумитаи тадорукоти ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор шуд.
***
28 феврали соли 2020 дар Душанбе Маркази муосири диабети қанд ба истифода дода шуд.
***
28 феврали соли 2022 аз барқароршавии муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Олмон 30 сол сипарӣ гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2024 Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо директори минтақавии ширкати «BYD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Осиёи Марказӣ Иван Сао мулоқот намуданд. Дар мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ байни Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «BYD»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳокима шуд.
28 ФЕВРАЛ:
Рӯзи байналмилалии бемориҳои нодир.
***
Рӯзи байналмилалии дӯзанда.
***
Рӯзи ҷаҳонии бе шабакаи иҷтимоии «Facebook».
***
Дар Украина – Рӯзи хизмати роҳбаладии флоти ҳавоии Қувваҳои мусаллаҳ.
РӮЙДОДҲО:
28 феврали соли 1854 Ҳизби ҷумҳуриявии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъсис дода шуд.
***
Соли 1946 маҷаллаи варзишии Фаронса «L’Equipe» созмон дода шуд, ки он баъдан ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ» ва беҳтарин футболбози Аврупоро таъсис дод.
***
28 феврали соли 1922 Ҷумҳурии Миср соҳибистиқлол гардид.
***
28 феврали соли 1992 байни Федератсияи Русия ва Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ муносиботи дипломатӣ барқарор гардид.
ДАР ИН РӮЗ ТАВАЛЛУД ШУДААНД:
Акбар Ҷӯраев — соли 1936 – ходими давлатӣ, Ҳунарманди хизматнишондодаи Тоҷикистон
***
Ҳалима Эркаева — соли 1948 – раққоса, Ҳунарпешаи хизматнишондодаи Тоҷикистон.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 26 феврал, панҷшанбе, 57-умин рӯзи соли 2026 аст






