ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 4 феврал, чоршанбе, 35-умин рӯзи соли 2026 аст

Февраль 4, 2026 08:00

11 сол пеш,  4 феврали соли 2015 аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ карда шуд.

***

Соли 2016 дар Тоҷикистон сомонаи расмии Комиссияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини иҷрои уҳдадориҳо дар самти таъмини ҳуқуқи инсон http://khit.tj фаъол карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2020 дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазоратҳои маориф ва илм, рушди иқтисод ва савдо, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқу тартибот, сарҳадот, Дастгоҳи иҷроияи Президент ва зерсохторҳои он ба вазифаҳои роҳбарӣ таъйин гардида буданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.

***

4 феврали соли 2021 дар ҷараёни сафари корӣ дар вилояти Суғд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат», воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки масоҳати умумиаш 700 гектарро ташкил медиҳад, дар бунёди боғи нави интенсивии сиёҳолуи навъҳои «Стенлей» ва «Венгерка» дар масоҳати 5 гектар иштирок намуданд.

4 ФЕВРАЛ:

 Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории саратон.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии бозиҳои мактабӣ.

***

Рӯзи байналмилалии бародарии инсонҳо

***

Дар Шри-Ланка – Рӯзи истиқлолият.

РӮЙДОДҲО:

115 сол муқаддам, 4 феврали соли 1911 ширкати «Роллс-Ройс» барои автомобилҳои худ тамғаи махсус баровард.

***

4 феврали соли 1934 байни Иттиҳоди Шуравӣ ва Ҷумҳурии Венгрия муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд.

***

4 феврали соли 1985  қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи манъ кардани шиканҷа қабул гардид.

***

Соли 2004 Марк Сукерберг сомонаи «Thefacebook»-ро дар суроғаи thefacebook.com фаъол намуд. Сомонаи иҷтимоӣ – Facebook  машҳуртарин ва бузургтарин сомона дар ҷаҳон буда, Марк Сукерберг аз ҷумлаи сарватмандтарин шахсони олам ба шумор меравад.

***

Дар ин рӯзи соли 2016 дар сомонаи ФИФА рейтинги февралии Федератсияи байналмилалии ассотсиатсияҳои футбол нашр карда шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2022 дар Варзишгоҳи миллии пойтахти Чин Бозиҳои 24-уми зимистонаи олимпӣ ифтитоҳ шуданд.

Февраль 4, 2026 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 25 феврал, чоршанбе, 56-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 24 феврал, сешанбе, 55-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 феврал, душанбе, 54-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 22 феврал, якшанбе, 53-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 21 феврал, шанбе, 52-юмин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 19 феврал, панҷшанбе, 50-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 18 феврал, чоршанбе, 49-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 17 феврал, сешанбе, 48-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 16 феврал, душанбе, 47-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 15 феврал, якшанбе, 46-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 14 феврал, шанбе, 45-умин рӯзи соли 2026 аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 13 феврал, ҷумъа, 44-умин рӯзи соли 2026 аст