ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 7 феврал, шанбе, 38-умин рӯзи соли 2026 аст
7 феврали соли 2009 фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводи танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма» ба имзо расид.
***
7 феврали соли 2011 дар шаҳри Душанбе Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2014 дар шаҳри Сочии Федератсияи Русия дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Чехия Милош Земан масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлат баррасӣ гардид.
***
7 феврали соли 2020 Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои бунёдии якчанд корхонаи истеҳсолии сохташаванда дар Минтақаи саноатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар буриши кӯчаҳои Садриддин Айнӣ ва Зебунисои ноҳияи Шоҳмансури пойтахт шинос шуданд.
***
7 феврали соли 2023 Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири меҳнати Давлати Қатар доктор Алӣ ибни Самиҳ Ал-Марӣ мулоқот намуд. Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи байниҳукуматӣ, аз ҷумла дар соҳаҳои саноат, сармоягузорӣ, бахши хусусӣ, иқтисоду тиҷорат ва сайёҳӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
7 ФЕВРАЛ:
Дар Гренада — Рӯзи истиқлол.
***
Дар Ҷумҳурии Тотористон — Рӯзи нишон.
РӮЙДОДҲО:
7 феврали соли 1792 ба шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳуқуқи дар Канада ройгон гирифтани замин дода шуд.
***
Соли 1863 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аввалин оташнишон ихтироъ карда шуд.
***
Соли 1980 – аввалин маротиба ба рӯзноманигорони телевизион сабт намудани навор дар бинои Суди Олии Канада иҷозат дода шуд.
***
7 феврали соли 1992 шартнома оид ба таъсиси Иттиҳоди Аврупо ба имзо расид.
***
7 феврали соли 2012 дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибон ва беҳтарин бозингарони чемпионати баргузоргардидаи Тоҷикистон оид ба футбол доир гардид.
***
Дар ин рӯзи соли 2017 воситаҳои ахбори омма хабар доданд, ки таҳиякунандагони чинӣ компютери пурқувваттарин ва дар айни ҳол хурдтарин дар ҷаҳон – «MeegoPad»-ро ба намоиш гузоштанд, ки он ба флешкартаи якчанд маротиба калонкардашуда монанд буд, дар ҳаҷм ба телефони дастӣ баробар буд.
***
7 феврали соли 2014 дар Сочи Бозиҳои XXII олимпии зимистона оғоз доир гардида, 23 феврал ба итмом расиданд.








ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 6 феврал, ҷумъа, 37-умин рӯзи соли 2026 аст






