ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.4627 то 9.4800 сомонӣ муқаррар шудааст

Февраль 17, 2026 08:05

ДУШАНБЕ, 17.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 9.4627 сомонӣ;

1 евро – 11.2275 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1232 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамчунин имрӯз қурби миёнаи фурӯши асъори хориҷии нақд дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон чунин муқаррар шудааст:

1 доллари ИМА аз 9.4627 то 9.4800 сомонӣ;

1 евро аз 11.1800 то  11.2275 сомонӣ;

1 рубли русӣ аз 0.1220 то 0.1232 сомонӣ

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Февраль 17, 2026 08:05

Хабарҳои дигари ин бахш