Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост
ДУШАНБЕ, 19.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол буда, дар шароити вазнин таъсис ёфтааст. Дар ин муддат Артиши миллӣ роҳеро тай намудааст, ки он бо арзиши таърихӣ ва тадбирҳои анҷомдода қимати чандин даҳсоларо дорад.
Таърихи таъсис ва бунёдгузории Артиши миллиро саҳифагардонӣ карда, дар ҳар амал ва ҳар падидаи нек ғамхорию таваҷҷуҳи ҳамарӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар боби таъминоти моддию техникии он баръало эҳсос мекунем.
Таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохтору воҳидҳои ҳарбӣ самти муҳим ва таркибии фаъолияти сиёсии Пешвои миллат дар роҳи бунёд ва таҳкими пояҳои давлатдорӣ мебошад.
Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми 33 соли мавҷудият марҳалаҳои мураккабу печидаро тай намуда, аз ҳамаи онҳо бо сарбаландӣ баромад ва имрӯз ба неруи бузургу муқтадир мубаддал гардидааст, ки амнияти миллиро дар мамлакат таъмин менамояд.
Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст, ки «ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».
Аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сар карда, тамоми қонунгузории мамлакати мо, ки аз он маншаъ мегиранд, моҳияти ватандӯстиро инъикос менамоянд. Агар ба таври дигар гӯем, ҷавҳари қонунгузории моро ватандӯстӣ ташкил медиҳад.
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳуриии Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд, ки «марҳилаи рушди босуръати технологияҳои муосири ҳарбӣ тақозо менамояд, ки ҳар хизматчии ҳарбӣ пайваста барои ташаккули фарҳанги сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва донишу малакаи худ масъулият дарк карда, барои ташаккули шахсияти хеш бояд пайваста кӯшиш намояд».
Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки барои ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолият ҳамеша ва дар ҳама ҳолат омода бошем. Зеро таърих собит намудааст, ки ба даст овардани истиқлол кори бисёр душвору заҳматталаб мебошад, вале ҳимояи пирӯзиҳо ва дастовардҳои он кори аз он ҳам душвортар аст.
Тоҷикистони соҳибистиқлол давлати сулҳхоҳ аст ва ба ҳеҷ кишвари дунё ғараз надорад. Вале имрӯз таҳдидҳои глобалӣ, бахусус терроризм барои амнияти сайёра ва кишварҳои ҷаҳон хатари ҷиддӣ эҷод менамоянд.
Аз ин рӯ, вазъи зудтағйирёбандаи ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳон моро водор менамояд, ки барои ҳифз ва таъмини сулҳу субот дар мамлакат доимо омода бошем, сохторҳои қудратии худро ба воқеияти амнияти байналмилалӣ ва минтақавӣ мутобиқ созем.
Бузургтарин дастоварди даврони соҳибистиқлолӣ ба даст овардани ваҳдати миллӣ ва суботу амният дар ҷомеа аст, ки ҳама комёбиву муваффақияти баъдӣ самараи он мебошанд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои низомии мамлакат ҳамкории хуб ба роҳ монда, корҳои мушаххасро анҷом медиҳад. Вобаста ба ин, чорабиниҳои зиёде, ки хусусияти тарбияи ватандӯстӣ доранд, доир карда мешаванд. Ҳадафҳои ҳизб бо мақсаду мароми Артиши миллӣ, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, мутобиқу мувофиқанд.
Имрӯз бо ифтихору сарфарозӣ метавонем таъкид намоем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили суботу амният ва таъминкунандаи рӯзгори босаодати мост.
Тавре ки Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ёдовар мешаванд, Артиши миллӣ дар ҷойи холӣ, дар хайма таъсис дода шуда, аз сифр оғоз гардида буд.
Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис ва рушди Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши барҷаста доранд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 декабри соли 1992 Қарор «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба имзо расониданд. Дар ҳамин замина, 23 феврали соли 1993 дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе нахустин маротиба паради ҳарбӣ баргузор гардид, ки он расман рӯзи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.
Саҳми Артиши миллӣ ва нақши мондагори ҳар сарбозу афсари он дар саҳифаҳои таърихи мамлакат ҷойгоҳи хосса касб намудааст. Нақши ин ниҳод дар таъмини Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзи якпорчагии ҳар ваҷаб хоки муқаддаси Ватан ва оромию осоиштагии ҳар шаҳрванди мамлакат басе назаррас мебошад. Дар лаҳзаҳои барои миллату давлат ҳассос, дар ҳамин давраи тақдирсоз пойдевору таҳкурсии қонуниву ҳуқуқии мавҷудияти Қувваҳои Мусаллаҳ гузошта шуд.
Марҳала ба марҳала қонунҳо «Дар бораи мудофиа», «Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ қабул гардидаанд.
Имрӯзҳо дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат беҳтарин сарбозону афсарони содиқи Ватан- рӯинтанону соҳибтахассусон ҳамчун сипари боэътимоди ин сарзамини аҷдодӣ саф ороставу ҳимоят аз соҳибистиқлолии Тоҷикистони азиз менамоянд.
Шоистаи таъкид аст, ки сатҳи омодабошии ҷангии ҳайати шахсии ин ниҳоди пурқудрат борҳо собит намудааст, ки дар таъмини сулҳу амният ҷоннисорӣ менамоянд.
Донишҳои баланди сиёсиву низомӣ, эҳсосу ғурури ватандӯстиву садоқатмандии хизматчиёни ҳарбӣ, қисму воҳидҳои низомӣ ва иштироки фаъоли онҳо дар ҳама гуна чорабиниҳои сатҳи байналмилалию ҷумҳуриявӣ гувоҳи он аст, ки барои пурзӯр намудани интизоми ҳарбӣ риояи қонуният ва талаботи бечунучарои оинномаҳои умумиҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи зарурӣ ва муташаккилона ба роҳ монда шудааст. Ҳоло Артиши миллӣ воқеан ҳам ба мактаби мардонагиву шуҷоат табдил ёфтааст.
Имрӯзҳо дар асоси дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми қисму воҳидҳои низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳама қӯшунҳои Артиши миллӣ ва марказҳои таълимии он сохтмону навсозии бинову иншооти ҳарбӣ идома дорад.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳидоятҳои Пешвои миллат бо тамоми шароит ва техникаҳои вазнини ҳарбӣ муҷаҳҳаз ва пурқудрат гардида, ситоди боэътимоди давлату миллат мебошад ва барои ҳифзи марзу буми Ватан афсарону сарбозони содиқро тарбия менамояд.
Маликшо НЕЪМАТЗОДА,
муовини якуми Раиси Ҳизби
Халқии Демократии Тоҷикистон
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Хатлон ҳамкории милитсия, омӯзгорон ва волидайн дар самти пешгирии ҷинояткорӣ байни ноболиғон тақвият меёбад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
НАВРӮЗ — ҶАШНИ ҶАҲОНӢ. Ҳеҷ монеа ва қуввае онро натавонист аз байн барад
«МАТБУОТ — СИПАРИ ДАВЛАТ ВА ОИНАИ ҶОМЕА». Имрӯз ба нашри аввалин рӯзномаи тоҷикӣ 114 сол пур гардид
Ташаккул ва рушди фарҳанги киберамният дар низоми таълиму тарбия аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад
Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад
Дар Бадахшон ҷаласаи сайёри Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон баргузор шуд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Резервати биосферии «Ромит» ба макони писандидаи сайёҳон табдил ёфтааст
АТЛАС ВА ЧАКАН. Либоси миллӣ қисми муҳими таърих ва фарҳанги миллат аст
ИМКОНОТИ САЙЁҲӢ ДАР ЗАМИНАИ АРЗИШҲОИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ НАВРӮЗ. Назаре ба муаррифии маконҳои сайёҳӣ
МАТБУОТ — ОИНАИ ЗИНДАГӢ. Андешаҳо бахшида ба 114-солагии Рӯзи матбуоти Тоҷикистон
ХУБ ШУД, КИ ЗАН БА ДАВЛАТ ЁР ШУД. Васфи зан — модар дар осори Мирзо Турсунзода






