Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи Комиссияи СММ оид ба воситаҳои нашъадор иштирок дорад

Март 10, 2026 11:30

ДУШАНБЕ, 10.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. 9 март дар қароргоҳи Раёсати Созмони Милали Муттаҳид оид ба маводи нашъаовар ва ҷинояткорӣ дар шаҳри Вена иҷлосияи 69-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор оғоз гардид, ки дар он ҳайати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Самад иштирок дорад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати маводи нашъаовар хабар доданд.

Дар иҷлосия Директори Агентии назорати маводи нашъаовар Зафар Самад оид ба ҳолати кунунии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, татбиқи «Стратегияи миллӣ оид ба назорати маводи нашъаовар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030»  ва зарурати тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ дар  ин самт сухан гуфт.

Иҷлосияи Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба воситаҳои нашъадор то 13 март идома ёфта, дар ҳошияи он чорабиниҳои канорӣ ва вохӯриҳои дуҷониба доир мегарданд.

АКС: Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 10, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид