Вакилони Маҷлиси намояндагон барои иштирок дар барномаи табодули байнипарлумонӣ ба Амрико сафар намуданд
ДУШАНБЕ, 07.02.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ҳайати вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз Дилноза Аҳмадзода, Наима Солизода, Саид Ғоибназарзода, Фарзона Хоҷазода ва Сиёвуш Наботзода дар доираи барномаи табодулӣ-омӯзишии «Ҷаҳони боз» ва бо мақсади таҳкими муносибатҳои байналмилалию ҳамкории байнипарлумонӣ ба Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сафар намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.
Дар доираи барнома вакилони парлумон имконият пайдо мекунанд, ки бо қонунгузорони ИМА мулоқот намуда, бо сохтор, ваколат ва таҷрибаи амалии раванди қонунгузорӣ, аз ҷумла тартиби таҳия ва қабули қонунҳо дар сатҳи иёлот шинос шаванд ва робитаҳои касбиро бо ҳамтоёни худ тақвият бахшанд.
Иштирокчиёни барнома давоми даҳ рӯз — аз 2 то 12 феврал бо фаъолияти мақомоти федералӣ, давлатӣ ва маҳаллӣ шинос гардида, бо ҳайати мақомоти қонунгузорӣ табодули таҷриба менамоянд.
АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон













Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Дар Маҷлиси намояндагон оид ба аҳаммияти гузариш ба низоми дувоздаҳсолаи таълим ҳамоиш доир гардид






