35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Суғд беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд
ДУШАНБЕ, 30.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ то имрӯз дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар доираи нақшаи корҳои ободониву созандагӣ беш аз 13 ҳазору 300 иншоот ва биноҳои нав ба истифода дода шуданд. Ин матлаб имрӯз зимни мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд баён гардид.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони ватандӯсти вилояти Суғд, соҳибкорон ва роҳбарону фаъолон барои саҳми арзандаашон дар ободониву пешрафти Ватан изҳори сипос намуданд.
Дар мулоқот Сарвари давлат бори дигар аз зарурати дар сатҳи олии тадорукотӣ баргузор кардани ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии истиқлоли давлатӣ ёдовар шуданд.
«Мардуми заҳматдӯсти вилояти Суғд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, рӯҳияи созанда ва садоқат ба давлату миллат дар амалӣ гардондани ҳадафҳои стратегии кишвар ва ободонии диёри худ саҳми боз ҳам бештар мегузоранд»,-иброз доштанд Пешвои миллат.
Ёдовар мешавем, ки зимни пешниҳоди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ 16 декабри соли 2025 бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид.
Сарвари давлат таъкид намуданд, ки соли 2026 барои мо соли таърихӣ – соли ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ аст. Яъне Тоҷикистони куҳанбунёд, аммо тозаистиқлоли мо 35-сола мешавад. Давоми панҷ соли охир тамоми қишрҳои ҷомеа барои сазовор истиқбол намудани ин санаи таърихӣ сарҷамъона заҳмат кашида, корҳои бузургро анҷом дода истодаанд.
«Ҳар шаҳрванд ва ҳар оила бояд бо дарки масъулияти ватансозиву давлатсозӣ, пеш аз ҳама, хонаву кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро таъмиру тармим ва тозаву озода намояд. Ин раванди ободонӣ ва тозакорӣ бояд тамоми қаламрави кишварро то дурдасттарин деҳоти он фаро гирад ва ба кори маъмулӣ табдил ёбад. Яъне ҳар фарди ҷомеа бояд ба ифтихори ин ҷашни муқаддас барои пешрафти давлати худ ва ободии Ватани азизи хеш кори некеро анҷом дода, созандаву бунёдкор ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани миллати тоҷикро нишон диҳад»,-хотирнишон намуданд Пешвои миллат.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд






