Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид

Март 13, 2026 15:20

ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи занон дар шаҳри Ню-Йорк  мулоқоти муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода ва муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Элеонор Ҷейн Бритт Ҳаммаршелд баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои калидии ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ, инчунин татбиқи ташаббусҳои муштаракро дар чаҳорчӯби шартномаҳои байналмилалӣ баррасӣ намуданд.

Ҷонибҳо инчунин оид ба  нақши Дафтар дар пешбурди волоияти ҳуқуқи байналмилалӣ ва дастгирии кишварҳо дар иҷрои уҳдадориҳои шартномавии давлатҳои аъзо мубодилаи афкор карданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 13, 2026 15:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд