Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистону Узбекистон тақвият меёбад

Март 31, 2026 12:00

ДУШАНБЕ, 31.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи иштироки ҳайати парламентӣ дар нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ бо муовини якуми Раиси Сенати Мажлис Олийи Ҷумҳурии Узбекистон Содиқ Сафоев вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Вохӯрӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон баргузор гардида, дар он тарафҳо роҷеъ ба муҳимтарин масъалаҳои байнидавлатию ҳамкории байнипарламентӣ байни давлатҳои Тоҷикистону Узбекистон суҳбати гарму самимӣ намуданд. Ҳамзамон барои минбаъд низ ба роҳ мондани ҳамкории давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар самти табодули таҷриба оид ба такмили қонунгузорӣ, парламентаризм, рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва зиндагии шоистаи аҳолии минтақаҳо ибрози ақида намуданд.

Иброз гардид, ки нахустин Форуми байнипарлумонии Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо ба майдони муҳими байналмилалӣ табдил ёфта, ба таҳкими муколамаи байнипарлумонӣ, густариши эътимоди сиёсӣ ва ташаккули механизмҳои устувори ҳамкорӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо такони ҷиддӣ мебахшад. Ҷумҳурии Тоҷикистон рушди минбаъдаи институтсионалии ин шакли ҳамкориро пайваста дастгирӣ менамояд.

Мавсума Муинӣ изҳор дошт, ки бо шарофати мулоқотҳои мунтазами Сарони давлатҳо- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, инчунин муносибатҳои пайвастаи дӯстона дар доираи форумҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ барои таҳкими тамоми соҳаҳои ҳамкорӣ заминаи боэътимод гузошта шуда, муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистон ба сатҳи сифатан нав расидаанд.

Иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз заминаи шартномавӣ — ҳуқуқии байни давлатҳои мо зиёда аз 250 ҳуҷҷатро дар бар мегирад, ки дорои ҳамкории васеи сиёсию иқтисодӣ, робитаҳои гуманитарӣ ва фарҳангӣ мебошад. Таъкид карда шуд, ки Шартномаи шарикии стратегӣ ва Шартномаи муносибатҳои иттифоқӣ аз шумори ҳуҷҷатҳои калидӣ мебошанд, ки ба тамоми маҷмааи робитаҳои Тоҷикистону Узбекистон хусусияти системавӣ ва дарозмуддат додаанд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 31, 2026 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Вакилони тоҷик дар гуфтугӯи байнипарлумонӣ доир ба тақвияти қонунгузорӣ барои таъмини рушди баробарии гендерӣ иштирок намуданд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
ТАМАДДУНИ ХАЛҚИ ТОҶИК БА НАВРӮЗ ПАЙВАНДИ НОГУСАСТАНӢ ДОРАД. Мулоҳизаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ дар ин мавзуъ
Ҷаласаи навбатии Комиссияи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистон ва Русия доир шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Ҷаласаи навбатии Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарламентии ИДМ доир шуд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия созишнома ба тасвиб расид
Нахустин арзишҳои маънавии инсон, заминаи ҷаҳонбинӣ, ахлоқ ва шуур маҳз аз оғӯши модар ташаккул меёбанд