Дар Бохтар таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 13.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. 12 март дар шаҳри Бохтар таҳти раёсати муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ҷаласаи гурӯҳи корӣ баргузор гардид. Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба пешгирии талафоти неруи барқ, роҳ надодан ба истифодаи ғайриқонунии он, инчунин натиҷаҳои фаъолияти шабакаҳои барқ дар ду моҳи аввали соли 2026 мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Ҷаласаи гурӯҳи корӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии насб ва истифодаи таҷҳизоти истеҳсоли криптоасъор, роҳ надодан ба истифодаи ғайримақсаднок ва ғайриқонунии неруи барқ доир шуд.
Дар кори ҷаласа ҷараёни иҷрои супоришҳои қаблан додашудаи Комиссияи кории доимамалкунанда аз 18 декабри соли 2025 доир ба пешгирии истифодаи ғайриқонунӣ ва ғайримақсадноки неруи барқ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи филиали «Шабакаҳои тақсимоти барқ дар шаҳри Бохтар» муҳокима гардид.
Зимни ҷаласа вазъи воқеии зеристгоҳҳои барқӣ, омилҳои асосии афзоиши талафоти неруи барқ, нишондиҳандаҳои тиҷоратӣ, масъалаи қарздорӣ, ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда ва ҳолатҳои аз меъёри муқарраргардида зиёд истифода бурдани неруи барқ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иттилоъ дода шуд, ки сатҳи талафоти неруи барқ бештар дар шабакаҳои барқи шаҳру ноҳияҳои Левакант, Вахш, Абдураҳмони Ҷомӣ, Кӯшониён, Хуросон ва Ҷалолиддини Балхӣ ба назар мерасад, ки он аз меъёри муқарраргардида зиёд мебошад.
Дар ҷаласа таъкид гардид, ки нисбат ба роҳбарони шабакаҳои барқ, муовинони онҳо, инчунин нозирону назоратчиёне, ки дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ камбудӣ нишон медиҳанд ё аз уҳдаи вазифа баромада наметавонанд, тадбирҳои қатъӣ андешида шуда, дар ҳолати зарурӣ аз вазифа озод карда мешаванд.
Ҳамчунин иброз гардид, ки барои паст намудани талафоти неруи барқ, пешгирии истифодаи ғайриқонунии он, баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии маблағи неруи барқи истифодашуда ва таъмини назорати ҷиддӣ дар фаъолияти шабакаҳои барқ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






