Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад

Март 23, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 23.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Конфронси чоруми Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» аз шаш ҷаласаи мавзуӣ иборат хоҳад буд, ки ба натиҷаҳо ва тавофуқоти Конфронси обии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2023 асос ёфта, дар омодагӣ ба Конфронси обии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 мусоидат мекунанд.

Дар ин хусус зимни брифинги матбуотӣ намояндаи масъули Котиботи Конфронс оид ба ташкили форумҳо Рустам Абдуллоев иттилоъ дод, хабар медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

«Бояд гуфт, ки ҳама ҷаласаҳо бо шаш мавзуи муколамаҳои интерактивии Конфронси Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026, ки аз ҷониби кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид тасдиқ шудаанд, комилан мувофиқат мекунанд. Рӯзномаи амал оид ба захираҳои об мавзуи фарогир барои ҳама иҷлосияхо хоҳад буд. Дар ин замина ба пешниҳоди навсозиҳо дар бораи татбиқи комиссияҳои ихтиёрӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад»,-афзуд Рустам Абдуллоев.

Ба таъкид ӯ, афзалият ба онҳое дода мешавад, ки аллакай ба раванди омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 ҷалб шудаанд, аз ҷумла ба ҳамраисони муколамаҳои интерактивӣ ва аъзои гурӯҳҳои кории дахлдор.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 23, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи кувайтии «Ал-Қабас» вохӯрӣ намуд
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эрон таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон бо Роҳбари Дастгоҳи Подшоҳи Урдун вохӯрӣ намуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж конфронси байналмилалӣ оид ба мероси илмӣ ва адабии Умари Хайём доир шуд
Сафири Тоҷикистон бо муовини раиси Девони вазирони Туркманистон мулоқот намуд
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Сеул таҷлил намуданд
Баргузории рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Миср дар кишварҳои якдигар баррасӣ гардид
Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Туркманистон таҷлил намуданд
Ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Урдун баррасӣ шуд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО намоишгоҳи китобу дастхатҳои Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ифтитоҳ шуд
Президенти Тоҷикистон: «То ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ зери парчами миллӣ ба хотири боз ҳам обод гардонидани Ватани аҷдодӣ заҳмат мекашем»
Дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЮНЕСКО баррасӣ шуд