Дар маҳаллаҳои Бӯстон ва Шукуҳии пойтахт 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд

Март 13, 2026 10:18

ДУШАНБЕ, 13.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар моҳҳои январ ва феврали соли 2026 аз ҷониби Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди маҳаллаҳои Бӯстон ва А. Шукуҳии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе 2500 бех ниҳолҳои ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз  Кумитаи бехатарии озуқаворӣ иттилоъ доданд, бо мақсади ҳифзу нигоҳдории минбаъдаи онҳо атрофи замин таворабандӣ ва барои сабзиши ниҳолҳо ҳамаҷониба чораҷӯйӣ карда шуд. Инчунин барои таъмини ниҳолҳо ва сокинони ин маҳаллаҳо бо об чоҳи амудӣ кофта, ба истифода дода шуд.

Дар доираи «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» дар ин заминҳои ба Кумитаи бехатарии озуқаворӣ вобаста баҳори соли 2025 зиёда аз 5 ҳазор бех ниҳоли ҳамешасабз ва мевадиҳанда шинонида шуд.

Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон «Барномаи давлатии кабудизоркунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040»  мавриди амал қарор дорад. Барнома бо мақсади амалӣ намудани чорабиниҳо дар самти шинонидани дарахту буттаҳо дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ба коҳиш додани газҳои гулхонаӣ, барқарорсозии ҳолати экологии ҳавои атмосфера, нигоҳдории устувори тавозуни табиӣ, мутобиқшавӣ ба равандҳои тағйирёбии иқлим ва ғайра нигаронида шудааст.

Барномаи давлатии кабудизоркунӣ яке аз иқдоми муҳими  ҷумҳурӣ  дар самти ҳалли мушкилоти  обу иқлим  арзёбӣ мегардад. Имрӯзҳо дар саросари мамлакат дар доираи иҷрои ин барнома ниҳолшинонӣ идома дорад.

АКС: Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 13, 2026 10:18

Хабарҳои дигари ин бахш

МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Дар фасли баҳор танаи дарахтонро бо маҳлули махсус сафед намоед
ИМРӮЗ — РӮЗИ ГУЛ ВА НИҲОЛШИНОНӢ. Пешвои миллат: «Барои наслҳои оянда ниҳол шинонем, боғ бунёд намоем!»
ДАРАХТ БИНШОН! Дар хатсайрҳои сайёҳии Панҷакент беш аз 200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар ноҳияи Ёвон беш аз 400 бех ниҳоли арча шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Рашт беш аз 5 000 ниҳоли дарахтони ҳамешасабз ва ороишӣ шинонида шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати сабзиши дарахтон дар боғу токзори шаҳри Ҳисор шинос гардид
«ТОҶИКИСТОНРО БА КИШВАРИ САБЗ ТАБДИЛ МЕДИҲЕМ!» Дар Лучоб 7 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабзу ороишӣ шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Турсунзода 120 дарахти ороишии Фатония шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шаҳри Исфара 1200 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шоҳроҳи байналмилалии Хуҷанд-Чанок 500 бех ниҳоли санавбар шинонида шуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад