Дар Маркази миллии патенту иттилоот ба ифтихори Рӯзи Модар ҳамоиши идона доир шуд

Март 7, 2026 17:20

ДУШАНБЕ, 07.03.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба хотири гиромидошти Рӯзи Модар дар Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши идона баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса хабар доданд.

Зимни ҳамоиш иброз шуд, ки зан-модар ҳамчун пояи устувори оила ва неруи созандаи давлат дар ташаккули шахсият, таҳкими арзишҳои маънавӣ ва рушди фарҳангии миллат нақши калидӣ дорад.

Изҳор гардид, ки маҳз Истиқлолияти давлатӣ барои тақвияти мавқеи занон дар ҷомеа имконияти васеъ фароҳам овард, ки тавассути он зани тоҷик тавонист неруи созандаашро дар ободию пешрафти мамлакат сарф намояд. Инчунин дар ҳама ҷабҳаҳои ватансозӣ дар баробари мардон содиқона иштирок  намояд.

Гуфта шуд, ки яке аз самтҳои асосие, ки имрӯз саҳми занон дар он бештар дида мешавад, соҳаи иқтисод мебошад. Махсусан дар соҳаи соҳибкорӣ занон тавонистанд ба натиҷаҳои хуб даст ёбанд ва ҳамчун ташкилкунандагони савдою роҳбарони корхонаҳои хурди истеҳсолӣ дар пешрафти ин соҳа саҳм гузоранд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо иброз доштаанд, «дар ҳамаи иқдом ва дастовардҳои таърихӣ хизмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассумгари маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди мо мебошад, басе бузург аст».

Таъкид гардид, ки саҳми занону модарон дар пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллию фарҳангӣ дар ҷомеа баланд буда, дар тарбияи фарзандон дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ нақши арзишманд мегузоранд.

АКС: Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту иттилоот»-и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 7, 2026 17:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
Мунфиза Сайфиддинзода: «Хизмат барои ҳифзи саломатии инсон ҳадафи асосии ихтироъкории ман аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон: «Эҳтиром ба зан – модар дар Тоҷикистон ҳамчун зарурати сиёсӣ ва иҷтимоӣ эътироф мешавад»
Бахшида ба Рӯзи Модар дар ноҳияи Данғара ҳамоиш баргузор шуд
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
САҲМИ ЗАНОНУ МОДАРОНИ ТОҶИК ДАР ПЕШРАФТИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳои занони роҳбар ва олими тоҷик дар ин маврид
Эмомалӣ Раҳмон: «Занону модарони тоҷик дар ободониву пешрафти мамлакат саҳми бузург доранд»